Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд

    2024-04-25
    156

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Италия дар шаҳри Рим бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) Чу Донюй мулоқот намуданд.

    Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ бо ин ниҳоди СММ дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид.

    Аз ҳамкории муфид бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ қаноатмандӣ зоҳир гардид.

    Изҳори итминон карда шуд, ки бо талоши рӯзафзуни ҷонибҳо дар оянда низ рушди ҳамкорӣ ба татбиқи боз ҳам бобарори ислоҳоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалисозии яке аз ҳадафҳои стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ ва дар маҷмуъ ба Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат менамояд.

    Таъкид шуд, ки беҳбуд бахшидан ба самаранокии соҳаи кишоварзӣ ва таҳкими рушди устувори ин бахш омили муҳими баланд бардоштани некуаҳволии мардуми деҳот аст.

    Ҷонибҳо омодагиашонро барои идомаи робитаҳо барои беҳсозии истифодаи заминҳои корам, пешгирӣ аз харобшавии онҳо ва ба истифода додани заминҳои нав иброз доштанд.

    Дар доираи пешбурди сиёсати инкишофи иқтисоди «сабз»-и Тоҷикистон воридоти технологияҳои ниҳолпарварӣ баҳри барқарор намудани ҷангалзор, ҳифзи ҷангалу буттазор аз эрозия ва шусташавии заминҳо зарур шумурда шуд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ