Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    ФИЛМИ ҲУНАРИИ «ВИҶДОН». Дар пасманзари он маконҳои зебои сайёҳиву ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд

    ФИЛМИ ҲУНАРИИ «ВИҶДОН». Дар пасманзари он маконҳои зебои сайёҳиву ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд

    2024-04-28
    123

    Дар асоси «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027»  ва нақшаи амали он барои солҳои 2023-2025 дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ наворбардории филми ҳунарии «Виҷдон» бо коргардонии Соҳибёр Толиб идома дорад. 

    Саҳнаҳои филм дар ҳудуди ноҳияҳои Шоҳмансур, Рӯдакӣ, Варзоб, Фурудгоҳи байналмилалӣ ва бозори «Меҳргон»-и  пойтахт рӯйи навор омада, ҳунарпешаҳои театру синамои тоҷик барои офаридани нақшҳо ҷалб гардидаанд.

    Гурӯҳи эҷодию техникии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар раванди филмбардорӣ фаъолона иштирок намуда, барои дар сатҳи муносиб наворбардорӣ шудани филм саҳми босазо мегузорад.

    Достони филм робитаи падар бо писар ва гуфтугӯйи байни наслҳоро дар ҷомеаи имрӯз тасвир мекунад.

    Фаъолияти яке аз қаҳрамонҳои филм дар ширкати сайёҳӣ маконҳои зебою дилфиреби Тоҷикистонро ба намоиш мегузорад. Дар пасманзари филм ҳунарҳои мардумӣ, таому либосҳои миллӣ, маконҳои сайёҳию таърихӣ ва анъанаю маросими миллӣ таҷассум гардида, ба тарғибу муаррифии фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик мусоидат менамоянд.

    Муаллиф ва коргардон-таҳиягари филми ҳунарии «Виҷдон» Соҳибёр Толиб, наворбардор Шуҳрат Қурбонов, рассом Лутфулло Неъматов ва директори филм Субҳон Идиев мебошанд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ