Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Аз номи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ автобус тақдим гардид

    Аз номи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ автобус тақдим гардид

    2022-11-28
    271

    Бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ як адад автобуси мусофиркашонӣ ҳадя гардид, ки ба омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар шаҳри Хоруғ ва вилоят хизмат мерасонад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ДДХ.

    Ҳайати професорон, омӯзгорон ва донишҷӯёну магистрантони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳи ҳамешагӣ изҳори сипос намуданд.

    Дар робита ба ин омӯзгорон, донишҷӯён ва магистрантони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ҷавобан ба ин дастгириҳо тамоми неруи худро ба рушди давлатдории миллӣ ва дар амал татбиқ намудани сиёсати иҷтимоии давлат равона намуда, онро ҳамаҷониба дасгирӣ менамоянд.

    Бо итминони комил метавон гуфт, ки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавонистанд шаҳри Душанбе- пойтахти Тоҷикистонро ба яке аз шаҳрҳои зебои минтақа табдил диҳанд.

    ДУШАНБЕ, 28.11.2022 /АМИТ «Ховар»/  https://khovar.tj/2022/11/az-nomi-raisi-sha-ri-dushanbe-rustami-emomal-ba-donishgo-i-davlatii-horu-avtobus-ta-dim-gardid/

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ