Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    «ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ ВА ТАШАККУЛИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

    «ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ ВА ТАШАККУЛИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

    2024-05-01
    197

    Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони ««Шоҳнома» – и Фирдавсӣ ва ташаккули худшиносии миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Д

    Иброз гардид, ки «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ шоҳкори бузурги мо, тоҷикон, ки реша дар тамаддуни ориёӣ дорем ва аз насли озодагон ҳастем, паёми нахустқомуси миллии мо- «Авасто»-ро, ки «рафтори нек, кирдори нек ва пиндори нек» мебошад, бо худ дошта, сарчашмаи худшиносӣ ва ифтихори миллии мо маҳсуб мешавад.

    Гуфта шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар асоси сиёсати маънавимеҳвари Пешвои миллат дар баробари анҷоми корҳои бузурги фарҳангӣ бо дарки баланди нукоти омӯзанда, созанда, панду андарзҳои ҳакимонаи осори ниёконамон нашри 50- ҷилдаи осори классикон ва муосирон дар силсилаи «Ахтарони адаб» амалӣ гардид, ки бад-ин восита «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар даҳ ҷилд дастраси хонандагон гардид.

    5 декабри соли 2023 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ бахшида 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки «Шоҳнома»- и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва дастраси хонаводаи ҳар тоҷикистонӣ гардонида шавад, ки ин иқдом ниҳояти фазилати фарҳангсолорӣ, хирадварзӣ ва китобдӯстии Пешвои миллат мебошад.

    Дар идома доир ба мавзуъҳои ««Шоҳнома» – таҳкимбахши ҳувият ва ваҳдати миллӣ», ««Шоҳнома» — и Фирдавсӣ ва ташаккули худшиносии миллӣ», «Тараннуми футуввату ҷавонмардӣ дар «Шоҳнома» — Фирдавсӣ, «««Шоҳнома» – номаи паҳлавонӣ ва худшиносии миллӣ» маърузаҳо шунида шуданд.

    Ҳозирин ҳамзамон дар бораи нақши бузургу таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва гиромидошти осори гаронарзиши адибон, аз ҷумла шоҳасари Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» сухан гуфта, ҷавононро ба ватандӯстиву худшиносӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ҳидоят карданд.

    АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ