Ҳадафи тадқиқоти нави «Афзалиятҳои расонавии аҳолии Тоҷикистон: телевизион, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо”, муайян кардани афзалиятҳои расонавии аҳолии кишвар мебошад, яъне шаҳрвандони кишвар ба дидану шунидан ва хондани кадом расонаҳои ватанӣ бартарӣ медиҳанд. Дар ҳар боби тадқиқот маълумот дар бораи вазъи ин ё он ВАО-и махсус, арзёбии муқоисавии натиҷаҳои бадастомада ва таҳлили мухтасар оварда шудааст.
Дар рафти ҳамоиш намояндагони Маркази тадқиқоти сотсиологии “Зеркало” ва “Машварати расонавӣ” маърузаҳои худро муҳокима намуда, зикр карданд, ки паҳншавии муҳтавои расонавӣ тавассути интернет дар тамоми ҷаҳон афзоиш меёбад ва Тоҷикистон низ аз он истисно нест. Дар маҷмуъ, гуфтан мумкин аст, ки айни замон мо шоҳиди раванди таҳавулоти сифатӣ дар соҳаи ВАО ҳастем.
Интервю:
Натиҷаҳои тадқиқот ба суолҳои муҳим посух гуфта, нишон медиҳанд, ки ВАО-и анъанавӣ бояд ба кадом самт ҳаракат кунад ва тадқиқоти имсола муайян намуд, ки аз радабандии шабакаҳои умумимилӣ дар тамоми ҷумҳурӣ мақоми аввалро ТВ.”Тоҷикистон” ва ТВ “Сафина” мақоми дуюмро ишғол менамояд. Телевизиони “Синамо”, ки тӯли ҳашт сол дар фазои иттилоотии кишвар бо барномаҳои ҷолибу диданӣ ва сербинандаи худ фаъолияти назаррас дорад, дар натиҷаи тадқиқоти мазкур миёни дигар телевизионҳои кишвар ҷойи сеюмро ишғол намуд. Ба даст овардани чунин натиҷа албатта аз заҳматҳои шабонарӯзии ҳайати эҷодӣ ва техникии муассиса ба даст омада, аз таваҷҷуҳ ва баҳодиҳии шумораи зиёди тамошобинони барномаҳои телевизиони “Синамо” дарак медиҳад. Ин баҳогузории сокинони кишвар аҳли эҷоди муассисаро водор менамояд, ки дар раванди таҳияи барномаҳо масъулияти бештар эҳсос намуда, дар оянда барномаву филмҳои ҷолиб ва дӯстдоштаниро пешниҳоди мардум намоянд.
Мавриди зикр аст, ки натиҷаи тадқиқоти мазкур тавассути назарпурсӣ миёни сокинони тамоми шаҳру навоҳии кишвар, ки моҳҳои январ ва феврали соли 2024 баргузор шудааст, муайян гардида, дар маҷмуъ дар тадқиқот зиёда аз 2507 посухдиҳанда, аз саросари ҷумҳурӣ ширкат намудаанд.