Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    DUSHANBE GRAND SLAM 2024. 390 варзишгар аз 65 кишвари панҷ қораи ҷаҳон барои ҷойҳои ифтихорӣ қувва меозмоянд

    DUSHANBE GRAND SLAM 2024. 390 варзишгар аз 65 кишвари панҷ қораи ҷаҳон барои ҷойҳои ифтихорӣ қувва меозмоянд

    2024-05-02
    183

    Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои иштирок дар мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam 2024» 390 варзишгар аз 65 кишвари панҷ қораи ҷаҳон номнавис шудаанд, 

    Ба иттилои Федедаратсияи ҷудои Тоҷикистон, беш аз 200 варзишгар дар Осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» ва боқимонда дар меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе бо шароити хуби истиқоматӣ ва тамрин фаро гирифта шудаанд.

    Ёдовар мешавем, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе бори аввал дар таърих 3-5  май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2024»  доир мегардад.

    Пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар бораи шуруъ аз соли 2024 дар пойтахти Тоҷикистон доир намудани яке аз мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо- «Grand Slam» оид ба ҷудо аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пазируфта шудааст.

    Бояд гуфт, ки пеш аз Бозиҳои олимпии Париж-2024 барои иштирок дар мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam 2024»  беҳтаринҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе омадаанд ва барои дарёфти ҷоизаҳо ва имтиёзҳои олимпӣ талош менамоянд.

    Барномаи мусобиқа:

    3 май (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг байни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.

    4 май (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг байни  занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.

    5 май (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг байни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.

    Варзишгарон дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ мешаванд.

    Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз мегарданд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ