Баҳри татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040»), «Стратегияи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030» Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе маротибаи аввал Озмуни шаҳрии «Ахтаракони ҳисобдон»-ро байни тарбиягирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе баргузор намуд.
Дар озмун 58 тарбиятгирандаи муассисаҳои томактабӣ- кӯдакони гурӯҳи калон ва гурӯҳи омодагӣ ба муассисаҳои таълимии томактабии (5-7-сола), новобаста аз шакли моликият ва тобеият иштирок намуданд.
Озмун бо мақсади баланд бардоштани ташаккули малакаҳои фаъолияти маърифатӣ, муқоиса, ҷудо ва хулосабарорӣ намудан, ташаккули тасаввуроти одитарини математикӣ, тартиб додану ҳал намудани масъалаҳои математикӣ, сайқал додани маҳорати ҷамъу тарҳ кардани рақамҳо, тақвияти неруи зеҳнӣ, рушди малакаҳои таҳлилӣ ва тафаккури мантиқӣ, дарёфти кӯдакони болаёқату боистеъдод, баланд бардоштани маҳорати касбии мураббиёну омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами онҳо доир мегардад.
Иштирокчиёни озмун ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд:
— тарбиягирандагони гурӯҳи калон (5-6 -сола);
— тарбиягирандагони гурӯҳи омодагӣ (6-7-сола).
Дар вақти баҳогузорӣ ва холгузорӣ ба маҳорату малакаи ҳал кардани мисолу масъалаҳои математикӣ ва тафаккури мантиқии кӯдакон бартарӣ дода мешавад.
Озмун асосан бо забони тоҷикӣ доир шуда, ба довталабоне, ки дар гурӯҳҳои таълим бо забони ғайритоҷикӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, имконияти бо забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) баромад кардан дода мешавад.
Ғолибони даври якум, дуюм, сеюми озмун ва мураббиёни онҳо, ҳайати ҳакамон ва дастандаркорони озмун аз ҷониби ташкилкунандагони озмун (муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, шуъбаҳои маориф ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе) ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.
Ба 15 нафар ғолиби даври сеюми озмун (панҷгонаи аввал, панҷгонаи дуюм ва панҷгонаи сеюм) Ифтихорномаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мукофотҳо ва роҳхат барои қабул ба синфи якуми муассисаҳои таълимии типпи нав (литсей ва гимназияҳо) -и аз ҳисоби буҷети ноҳияҳои пойтахт ва шаҳри Душанбе маблағгузоришаванда дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон шудаанд. Ин фармон 31 январи соли 2020 ба имзо расида буд.
Моҳи марти соли 2020 Сарвари давлат зимни мулоқот бо олимони мамлакат гуфта буданд: «Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Аз ин рӯ, мо рушди илмҳои муосир, махсусан дақиқро ба мадди аввал гузоштем, зеро дар назди мо боз як вазифаи бузург, ҳадафи чоруми стратегӣ– саноатикунонии босуръати мамлакат қарор дорад».