Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон 3 медал ба даст оварданд

    DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон 3 медал ба даст оварданд

    2024-05-03
    225

    Имрӯз, 3 май, дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024 оид ба ҷудо ғолибон ва ҷоизадорон дар панҷ вазн муайян гардиданд. Тоҷикистонро дар ин рӯз 14 ҷудочӣ муаррифӣ намуданд.

    Дар рӯзи аввал ҷудочиёни Тоҷикистон Муҳаммадсолеҳ Қувватов  (дар вазни -60 кг) медали тилло, Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг) медали нуқра ва Муллораҷаб Халифаев (дар вазни -66 кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд.

     

     

    Ғолибону ҷоизадорони рӯзи аввали мусобиқа:

    Мардон 

    -60 кг

    1. Муҳаммадсолеҳ Қувватов (ТОҶИКИСТОН)
    2. Магжан Шамшадин (Қазоқистон)
    3. Изнаур Сааев (дастаи варзишгарони инфиродии бетараф)
    3. Ҳаято Кондо (Ҷопон)

    -66 кг

    1. Сердар Раҳимов (Туркманистон)
    2. Обид Ҷебов (ТОҶИКИСТОН)
    3. Иван Черних (дастаи варзишгарони инфиродии бетараф)
    3. Муллораҷаб Халифаев (ТОҶИКИСТОН)

    Занон

    -48 кг

    1. Бавуудорж Баасанхуу (Муғулистон)
    2. Тугче Бедер (Туркия)
    3. Айна Моисеева (дастаи варзишгарони инфиродии бетараф)
    3. Николич Милитса (Сербия)

    -52 кг

    1. Фабен Кохер (Швейтсария)
    2. Бинта Ндиайе (Швейтсария)
    3. Глафира Борисова (дастаи варзишгарони инфиродии бетараф)
    3. Ҷунг Йерин (Ҷумҳурии Корея)

    -57 кг

    1. Ҷессика Климкейт (Канада)
    2. Сара-Леони Сизик (Фаронса)
    3. Вероника Тониоло (Италия)
    3. Энхриилен Лхагватогоо (Муғулистон)

    Варзишгарон дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ шуданд.

    Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз мегарданд.

    Мусобиқа 4 ва 5 май идома меёбад.

    АКС: Федератсияи байналмилалии ҷудо

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ