Имрӯз дар муҷтамаи «Манеж»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» ифтитоҳ гардид, ки дар он молу маҳсулоти 65 ширкату корхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, то 5 май идома менамояд. Дар он ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Беларус, Узбекистон, Чин, Покистон ва Туркия намунаи маҳсулоти мошинсозӣ, маводи кимиё, саноати сабук, нассоҷӣ, дорусозӣ, инчунин масолеҳи сохтмониро муаррифӣ доранд.
Тавре масъулин иброз намуданд, мақсад аз баргузории намоишгоҳ- муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ, ворид намудани технологияи нав, ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои муштарак мебошад.
Дар намоишгоҳ роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иброз намуданд, ки намоишгоҳ ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) бахшида мешавад.
Соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ аҳамияти бузург дорад. Аз ин рӯ, намоишгоҳ бо мақсади суръат бахшидани ин раванд ба роҳ монда шуд.
Мақсади баргузории намоишгоҳ дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла саноати сабук, кишоварзӣ, фармасевтика ва ороиши гигиенӣ, хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, истеҳсоли чароғаки роҳнамо ва ғайра ба харидорону меҳмонон пешкаш намудани молу маҳсулот мебошад.
Бояд ёдовар шуд, ки намоишгоҳи Тоҷикистон аз соли 2016 то инҷониб ба ширкатҳои ватанӣ барои намоиши дастовардҳои онҳо мусоидат ва ба ширкатҳои хориҷӣ барои дарёфти мавқеи онҳо дар бозори мамлакат кумак менамояд.
Дар намоишгоҳ намояндагони тиҷоратӣ имконият доранд, ки шарикони нав пайдо созанд. Ҳамзамон сокинон метавонанд аз ин намоишгоҳ молҳои истеъмолии ҷумҳуриро бо нархҳои мувофиқ дастрас намоянд.