Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Ба ифтихори ин шоҳасари мусиқӣ консерти бошукуҳ баргузор мегардад

    РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Ба ифтихори ин шоҳасари мусиқӣ консерти бошукуҳ баргузор мегардад

    2024-05-12
    152

    Имрӯз, 12 май ба ифтихори Рӯзи шашмақом дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ  бо иштироки ҳунармандони давлатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон галаконсерт баргузор мегардад. 

    Бояд гуфт, ки шашмақом чун ҷузъи асосии мероси фарҳангии мусиқии халқи тоҷик дар қатори жанрҳои анъанавии роғ, фалак, даргилик дар фарҳанги мусиқии имрӯзаи Тоҷикистон мавқеи баланд дошта, ҳамчун мусиқии суннатии ниёгони мардуми тоҷик ишқу ирфон, ормонҳо ва умеди миллатро дар созу сурудаҳо таҷассум менамояд.

    Ин мусиқиро дар Тоҷикистон шашмақом, дар  Озарбойҷон  муған, дар Узбекистон мақом, дар Эрон дастгоҳ ва уйғурҳо муға ном мебаранд. Жанри мусиқии шашмақом дар Узбекистон ҳам мисли Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ иҷро карда мешавад. Дар Ҳиндустон жанре бо номи  рага аст, ки он   ба мусиқии  классикии шашмақом ва фалак монанд буда, мусиқии халқии онҳо ба шумор меравад. Аз ин рӯ шашмақомро шоҳкории фарҳанги мусиқии ҷаҳонӣ низ мегӯянд.

    Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбекистон ин шоҳкории ниёгон ба феҳристи Юнеско пешниҳод гардид.  7 ноябри соли 2003 бахши фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид — ЮНЕСКО Шашмақомро шоҳкории бузурги мусиқии ҷаҳонӣ ва ёдгори маънавии инсоният эълон намуд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ