Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Панҷ бо афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ вохӯрӣ доир гардид

    БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Панҷ бо афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ вохӯрӣ доир гардид

    2024-05-17
    169

    Бахшида ба 30-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон вохӯрӣ баргузор гардид.

    Зимни вохӯрӣ таъкид шуд, ки қӯшунҳои сарҳадӣ, ки ба таъсиси он 30 сол пур мешавад, дар баробари дигар сохторҳои низомӣ ба сохтори низомии муосир ва сипари боэътимоди ҳифзи марзу буми мамлакат табдил ёфта, аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба шумор меравад.

    Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иброз дошт, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ аз рӯзҳои нахустини таъсис дар ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, ҳимояи амнияти давлату ҷомеа ва зиндагии ороми мардум нақши босазо гузошта, дар мушкилтарин рӯзҳо барои ҳифзи марзҳои давлатӣ ва пешгирӣ кардани воридшавии гурӯҳҳои муташаккилу мусаллаҳи ҷиноятӣ, аслиҳа ва маводи мухаддир хизмати таърихӣ анҷом доданд.

    Давоми қариб се даҳсолаи мавҷудияти Қӯшунҳои сарҳадӣ барои ҳифзи марзу буми Ватан, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ҳимояи оромиву суботи мамлакат ва зиндагии осудаи мардуми Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, амалиёту муҳорибаҳои зиддитеррористӣ, мубориза бар зидди қочоқи силоҳу маводи мухаддир садҳо хизматчии ҳарбии ҷузъу томҳои марзбонӣ ҷонашонро қурбон кардаанд. Мардуми тоҷик ва Ҳукумати мамлакат номи нек ва ҷасорату фидокории онҳоро ҳамеша гиромӣ медоранд.

    Иброз гардид, ки хусусан торафт фаъол гардидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва зуҳури гурӯҳҳои нави ҷинояткори фаромиллӣ тақозо менамояд, ки ҳар сарбозу афсари бонангу номус ба хотири ҳимояи хоки муқаддаси Ватани азизамон ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, хизматро содиқона, бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намояд. Афсарону сарбозони марзбон, ки дар сафи пеши ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва суботу оромии сокинони мамлакат қарор доранд, бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки риояи талаботи оинномаҳои ҳарбӣ ва интизоми қатъии ҳарбӣ асоси фаъолияти ҳаррӯзаи онҳо мебошад.

    АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ