Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Кумаки навбатии башардӯстона бо супориши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Покистон

    Кумаки навбатии башардӯстона бо супориши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Покистон

    2022-12-01
    274

    Имрӯз, 1 декабр бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки дар натиҷаи офатҳои табиии селу обҳезиҳои шадид моҳҳои охир ҳисороти зиёди ҷонию иқтисодӣ дидаанд, кумаки навбатии башардӯстона фиристода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ҳовар».

    Вобаста ба буҳрони шадиди иқтисодию иҷтимоӣ, талафоти ҷонӣ, норасоии маводи ғизоӣ, вазъи мураккаби эпидемологӣ  ва афзоиши хуруҷи бемориҳои сироятӣ  дар байни зарардидагони офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон  бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармоиши Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода қабул гардида,  дар асоси он ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон кумаки башардӯстона ҷудо карда шуд.

    Кумаки башардӯстона аз маводи ғизоӣ, сузишворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи зарурии санитарию шустушўйӣ дар ҳаҷми наздик ба 5000 тонна, аз ҷумла аз 300 тонна орд, 20 ҳазор литр равғани растанӣ, 100 тонна гандуми истеъмолӣ, 100 тонна биринҷу макарон, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1500 тонна ангиштсанг, 2000 тонна семент, 5000 дона шифер, 100 метри мукааб тахта ва беш аз 40 тонна собуни хоҷагӣ иборат буда,  маблағи 19  миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

    ДУШАНБЕ, 01.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. https://khovar.tj/2022/12/imr-z-bo-suporishi-peshvoi-millat-emomal-ra-mon-ba-mardumi-pokiston-kumaki-bashard-stona-navbati-firistonida-shud/

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ