Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон мусобиқа оид ба футболи хурд доир шуд

    БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон мусобиқа оид ба футболи хурд доир шуд

    2024-05-25
    197

    Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардидани 25 май байни кормандон мусобиқа оид ба футболи хурд оғоз гардид. 

    Мусобиқа бо иштироки васеи дастаҳо ва ҳаводорони футбол ифтитоҳ гардид.

    Чор даста аз ҳисоби омӯзгорони факултетҳо ва як даста аз шумораи кормандони раёсати донишгоҳ байни ҳам сабқат менамоянд.

    Дар асоси қуръапартоӣ рақибони дастаҳо муайян гардида, бозии якумро дастаи факултети забони англисӣ ва дастаи факултети забонҳои Аврупо оғоз намуд.

    Инчунин дастаи футболбозони факултети филология ва рӯзноманигорӣ дастаҳои футболбозони факултетҳои забонҳои Осиё ва забонҳои Аврупоро бо ҳисоби калон мағлуб карда, ба даври минбаъда роҳ ёфт.

    Аз натиҷаи ниҳоии бозӣ хабари муфассал пешниҳод карда мешавад.

    Ёдовар мешавем, ки 7 май Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд, қабул намуд.

    Бозии футбол яке аз роҳҳои беҳтарини беҳдошти саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун мебошад. Дар робита ба ин, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 9 феврали соли 2024 бори нахуст ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шавад ва бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии СММ расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардад.

    Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро оид ба эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол қабул намуд, ки ба ҷуз аз Тоҷикистон ду давлати дигар, аз ҷумла Баҳрайн ва Либия низ онро дастгирӣ карданд.

    Дар қатъномаи мазкур аҳамияти дар руҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе ҳеҷ гуна табъиз гузарондани чорабиниҳои бузурги варзишӣ таъкид шудааст.

    Ёдовар мешавем, ки Рӯзи ҷаҳонии футбол бо ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавассути қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ NoA/RES/78/281 қабул гардидааст.

     АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ