Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    МАВЗӮИ РӮЗ: Номинаи муштараки Тоҷикистон «Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид шуд

    МАВЗӮИ РӮЗ: Номинаи муштараки Тоҷикистон «Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид шуд

    2022-12-02
    313

    Номинаи муштараки Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон Қирғизистон, Туркия, Туркманистон ва Узбекистон «Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

    Оид ба расман ворид гардидани ин номина 1 декабр дар  иҷлосияи 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Работи Подшоҳии Марокаш ҷараён дорад, эълон гардид.

    Номинаи «Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин» аз рӯи 5 шарту талаботи дар Конвенсия қайдшуда қабул гардид.

    Бояд таъкид намуд, ки ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани номинаҳои муштараки Тоҷикистон «Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ» ва «Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин» иқдоми муҳиме барои ҳифзу оммавигардонии мероси ниёгон, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ғанию қадимии мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

    Иҷлосияи 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО бо иштироки намояндагони кишварҳои аъзои ЮНЕСКО дар шаҳри Работи Подшоҳии Марокаш то 3 декабр идома мекунад.

    ДУШАНБЕ, 02.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. https://khovar.tj/2022/12/nominai-mushtaraki-to-ikiston-ananai-na-li-latifa-oi-ho-a-nasriddin-ba-fe-risti-merosi-far-angi-ajrimoddii-bashariyat-vorid-gardid/

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ