28 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои иштирок дар Рӯзи таҷлили 30-юмин солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади шиносоӣ бо вазъи будубоши ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ ба маркази таълимии «Пойтахт» дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ташриф оварда, нахуст бинои наву замонавии 4-ошёна иборат аз ошхона ва хобгоҳи сарбозонро бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.
Сипас, Сарвари давлат бо шароити фароҳамгардидаи бинои навбунёди замонавӣ, шинос шуданд.
Бинои 4 ошёнаи таълимӣ аз ҳуҷраҳои корӣ барои ҳайати афсарон, хобгоҳи васею барҳавои сарбозӣ, ҳаммом, хонаи хизмати маишӣ, анбори нигоҳдории маҳсулот ва сару либоси ҳарбӣ, ҳуҷраи аслиҳа ва хонаҳои фароғатӣ иборат мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 28 майи соли 2022 дар ҳудуди Маркази таълимии “Пойтахт” Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди ошхона ва хобгоҳи сарбозон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшида буданд.
Аснои шиносоӣ бо шароити бинои нави таълимӣ Президенти кишвар бо сарбозон суҳбати самимӣ доир намуданд.
Зимни суҳбат бо гурӯҳи сарбозон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимии ҳарбиро бояд аз ҳисоби ҳамин гуна сарбозони донову зирак, ҳушёру тануманд ва ватандӯсту фаъоле, ки дар қисмҳои ҳарбӣ аз мактаби ҷасорат гузаштаанд, интихоб кард ва изҳори боварӣ намуданд, ки аз онҳо афсарону фармондеҳони беҳтарин омода кардан мумкин аст.
Бинои навбунёд барои омода намудани мутахассисони хурди сарҳадӣ нигаронида шуда, бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Чунин шароити зарурӣ имкон фароҳам меорад, ки минбаъд мутахассисони хурди сарҳадӣ омода карда шуда, ҳамчун сарбозону афсарони содиқ бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ марзу буми давлатро ҳифзу ҳимоят намоянд.
Дар Маркази таълимӣ инчунин тамоми инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла синфхонаҳои компютерӣ, нуқтаҳои тиббӣ, майдонҳои сафороӣ, қисмҳои навбатдорӣ, нуқтаҳои назорати гузаргоҳ ва дигар биноҳои ёрирасон таҷдиду навсозӣ гардидаанд.
Ҳамаи ҳуҷраҳо ва толорҳои иншооти нав бо тамоми таҷҳизот, мизу курсӣ ва дигар ашёи барои хизмати сарбозон зарурӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд.
Иншооти нав дар доираи дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пайравӣ аз иқдомҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳмгузории соҳибкорони ватанӣ мутобиқ ба талаботи муосир сохта шудаасст.
Ёдовар мешавем, ки ошхонаи маркази таълимӣ бо назардошти талабот муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Аз ҷумла, дастгоҳҳову таҷҳизоти муосир барои омода кардани хӯроки сарбозон дар ошхонаи навбунёд насб гардида, он бо мизу курсӣ таъмин шудааст.
Зимни боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсӣ ва масъулинро вазифадор намуданд, ки ба сифати хӯроки сарбозон ва ғизонокии он диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Бо бунёди иншооти нави таъйиноти ҳарбӣ шароити иҷтимоии афсарону сарбозон беҳтар мегардад.
Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои моддию техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ мукаммал гардида, сафи Артиши миллӣ ва воҳидҳои низомӣ бо кадрҳои баландихтисос, ботаҷриба ва далеру содиқи ватан пурра карда мешавад.
Инчунин ҳайати шахсӣ имкон дорад нозукиҳои хизмати сарҳадӣ ва нишонзаниро дар майдончаи омӯзишӣ аз худ намуда, малакаи касбӣ ва омодабошии ҷангии худро ҷиҳати муҳофизати сарҳади давлатӣ сайқал диҳад.
Имрӯзҳо дар ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар баробари мардон, бонувон низ содиқонаю софдилона фаъолияти босамар доранд, ки ин намунаи баланди шуҷоату шарафмандӣ ва нангу номуси ватандорӣ мебошад.
Дар ҳаминҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ки аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, дидан карданд.
Дар намоишгоҳ номгӯи зиёди сабзавоту полезӣ, меваҷот, ғалладона ва маҳсулоти консервашуда муаррифӣ гардид.
Бо мақсади ғанӣ гардонидани дастархони сарбозон бо маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла гӯшту шир дар назди Раёсати ақибгоҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҷагиҳои ёрирасон ташкил шудаааст, ки ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадиро бо маҳсулоти тару тозаи табиӣ таъмин менамоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадиро барои истифодаи босамар аз ҳар қитъа замин, ки дар ихтиёри хоҷагиҳои ёрирасон аст, ҳидоят карданд.
Дастур дода шуд, ки кишту парвариши маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тоза бештар карда шуда, қисме аз он барои фаслҳои тирамоҳу зимистон захира карда шавад.
Бо эҳсоси баланди худшиносӣ ва омодагии пайваста риояи талаботи оинномаҳо ва интизоми қатъии ҳарбӣ асоси фаъолияти ҳаррӯзаи афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадиро ташкил медиҳад. Ҳамин аст, ки ҳамарӯза дар ин маркази таълимӣ афсарону сарбозони бонангу номус тавассути гузаронидани машқҳои ҳарбӣ малакаи касбии худро сайқал дода, хизмати Ватан-Модарро содиқонаву софдилона адо менамоянд.
Қобил ба тазаккур аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи чанд соли охир дар саросари мамлакат, як қатор бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта, комиссариатҳои ҳарбӣ, хонаҳои истиқоматӣ барои афсарон ва оилаҳои онҳо ва дигар иншооти ёрирасони низомӣ бунёд меёбанд.
Ин аст, ки имрӯз Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамчун такягоҳи боэътимоди давлат ташаккул ёфта, дар сафи пеши ҳимояи сулҳу суботи сартосарӣ, мубориза бар зидди қочоқбарон, пешгирии убури хати сарҳади давлатӣ ва дигар омилҳои халалдоркунандаи оромии кишвар қарор дорад.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсиро барои истифодаи муфид аз имконияти фароҳамшуда, муҳофизати сарҳади давлатӣ, пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолу озодии Ватан ва зиндагии ороми мардум вазифадор намуданд.