Дар Тоҷикистон «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» амалӣ мегардад, ки ҳадафи он ҳифзи забон ва арҷ гузоштан ба забони миллӣ мебошад. Давоми чор соли фаъолияти ин барнома чӣ натиҷа ба даст омад ва чӣ мушкилот дар ин самт мавҷуд аст?
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода ҳамсуҳбат гардид, ки онро пешниҳоди хонандагони сомона мегардонем.
Ҳадафи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 аз чӣ иборат аст?
Олимҷон Муҳаммадҷонзода: Дар асоси банди 16-и «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020 тасдиқ шудааст, барнома рушди устувори забони давлатиро дар Тоҷикистон таъмин намуда, мақсадҳои зеринро дар бар мегирад:
— такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қонунгузории соҳавӣ бобати татбиқи сиёсати давлатии забон;
— таҳкими эҳтиром ба забони давлатӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ;
— рушди сиёсати давлатии забон ҳамчун омили ҳастӣ ва пойдории давлат;
— нашри Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои ташвиқу тарғиби сиёсати забони давлатӣ;
— таъмини рушди ҳамаҷониба ва ҳимояи забони тоҷикӣ;
— боло бурдани нақш ва мақоми забони тоҷикӣ;
— таҳкими мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ;
— истифодаи забони давлатӣ дар тарбияи маънавӣ, фарҳанги
худшиносиву худогоҳии ҳар сокини мамлакат;
— эҳёи арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла, номҳои тоҷикӣ, номгузории мавзеъҳои таърихӣ, воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, хиёбонҳо, кӯчаҳо, муассисаҳои таълимӣ, боғҳои фарҳангӣ ва сарватҳои таърихиву фарҳангӣ бо забони давлатӣ;
— риояи ҳатмии меъёрҳои грамматикаи забони адабии тоҷикӣ;
— ҳифзи забони адабӣ аз ҳар гуна унсурҳои ғайриадабӣ, гуфтугӯӣ ва бегона.
Барномаи рушди забони давлатӣ, ки даҳ солро дар бар мегирад, аз чанд марҳила ва самт иборат аст?
Олимҷон Муҳаммадҷонзода: Баҳри таъмини рушди устувори забони давлатӣ ва сиёсати давлат дар ин соҳа барнома дар ду марҳила ва шаш самт амалӣ мегардад. Марҳилаи якуми барнома солҳои 2020-2025-ро дар бар гирифта, фарогири масъалаҳои таҳияи лоиҳаҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қонунгузории соҳавӣ, таъмини густариши забони давлатӣ ҳамчун бунёди маънавии миллӣ, ташхис ва интишори истилоҳоти соҳавӣ мебошад.
Марҳилаи дуюм аз соли 2026 то 2030 идома ёфта, роҳҳои амалисозии масъалаҳои таҳқиқу омӯзиш, назорат ва ташкилиро фаро мегирад.
Таъмини рушди забони давлатӣ дар барнома аз рӯйи самтҳои зерин муайян мегардад:
— омўзиш, назорат, таҳлил ва амалисозии сиёсати забони давлатӣ;
— андешидани тадбирҳо барои таъмини заминаи меъёрии ҳуқуқӣ;
— густариши забони давлатӣ ҳамчун бунёди маънавии миллӣ ва тарғибу ташвиқи он дар воситаҳои ахбори омма;
— таҳқиқи масъалаҳои назариявӣ ва амалии забони давлатӣ;
— таҳия ва нашри фарҳангномаҳо, муҳовараҳо ва дастурамалҳо;
— таҳкими робитаҳои байналмилалӣ дар ҳимоя ва рушди забони давлатӣ берун аз ҳудуди ҶумҳурииТоҷикистон.
Дар давраи солҳои 2020-2023 бандҳои барнома ба ҳисоби миёна ҳамагӣ 79 фоиз иҷро гардидаанд. Сабаби пурра иҷро нашудани бандҳои барнома чӣ аст?
Олимҷон Муҳаммадҷонзода: Бояд гуфт, ки Нақшаи амалисозии «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» аз 75 банд иборат буда, дар ду марҳила амалӣ мегардад.
Иҷрои 32 банди барнома мунтазам ва ҳамасола буда, бандҳои дигари он вобаста ба солҳо тақсимбандӣ шудаанд. Ҳамзамон иҷрои баъзе бандҳо соли 2024 оғоз гардида, амалисозии пурраи онҳо дар давраҳои минбаъда, яъне то соли 2030 идома меёбад.
Дар ин марҳила амалисозии аксари бандҳои барнома вобаста ба даврабандии солҳо хуб идома дорад ва умед аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомот, ташкилоту муассисаҳо амалисозии он дар марҳилаҳои минбаъда пурра иҷро мегардад.
«Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» яке аз барномаҳои муҳимми ҷумҳурӣ доир ба сиёсати забон ба ҳисоб рафта, баҳри амалисозии он вазорату идораҳои гуногун, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ғайра вазифадор карда шудаанд. Ҳамзамон бояд ёдовар шуд, ки ба Кумита аз ҷониби бархе мақомоту муассиса ва ташкилоту идораҳои гуфташуда маълумот доир ба иҷрои барнома сари вақт ирсол намегардад, ки ин ҷамъбаст, хулосабарорӣ ва баҳои воқеӣ додан ба иҷрои барномаро имконнопазир менамояд. Кумита ҳамчун мақомоти ҳамоҳангсоз дар марҳилаҳои минбаъда ҳамкориро дар самти амалисозии барнома бо ин ниҳодҳо устувортар намуда, иҷрои пурраи онро таъмин месозад.
АМИТ «Ховар»: Дар назди Кумитаи забон ва истилоҳоти ҷумҳурӣ маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забони давлатӣ» таъсис ёфтааст. Фаъолияти ин маҳфил чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
Олимҷон Муҳаммадҷонзода: Дар Кумита дар баробари баргузории дигар маҳфилу чорабиниҳо маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забони давлатӣ» таъсис дода шуда, амал менамояд. Маҳфил созмони ҷамъиятӣ буда, фаъолияташро дар асоси Низомномаи маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забони давлатӣ» ба роҳ мондааст. Аъзои маҳфилро роҳбар, муовинон ва иштирокдорони маҳфил ташкил медиҳанд.
Дар ин давра маҳфил дар Кумита фаъолияти назаррас дорад ва аз ҷумла, бо мақсади иҷрои банди 13-и Нақшаи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» аз ҳисоби мутахассисон ва барномасозони маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забони давлатӣ»-и Кумита бори аввал дар давлатҳои Осиёи Марказӣ барномаи кор бо Интернет ва сомонаҳо, яъне браузери нав (ҷустуҷӯгари нав) – Барномаи танзими Mozilla Firefox бо забони тоҷикӣ таҳия ва амалӣ карда шуд, ки он аз 9 майи имсол дар шабакаи Интернет ҷой дода шуда, фаъол мебошад. Мутахассисони барномасози Кумита беш аз 2 сол дар таҳияи Барномаи танзими Mozilla Firefox заҳмат кашида, ниҳоят ба комёбӣ муваффақ шуданд.
Забони тоҷикӣ акнун бо чунин барномаи интернетӣ неру ва тавонмандии воқеии худро дар ҷаҳон нишон дода, дар барномаҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ мешавад, ки миёни 190 забон дар даҳ ҷойи аввали забонҳои шабакаи интернетӣ қарор дорад.
Фаъолият дар шабакаи интернетӣ ва сомонаҳо тариқи Барномаи танзими Mozilla Firefox, ки бо забони тоҷикӣ мебошад, муносиб ва осон буда, дар рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами нек ба пеш аст.
Тибқи банди 57-и барнома тариқи гузаронидани семинару машварат дар маҳалҳо масъулияти падару модар дар забономӯзии кӯдакон бояд баланд бардошта шавад. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсози барнома бо вазорату идораҳои дахлдор дар ин самт чӣ тадбирҳоро амалӣ намуд?
Олимҷон Муҳаммадҷонзода: Оид ба иҷрои банди 57 метавон гуфт, ки дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор ҳамасола барои баланд бардоштани фарҳанги забондонӣ, риояи маданияти нутқи кӯдакон машғулияти кушод доир мегардад, ки волидайн дар он иштирок менамоянд. Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, дар айни замон дар Тоҷикистон 200 муассисаи томактабии хусусӣ фаъолият менамояд. Дар ин муассисаҳои томактабӣ 10 ҳазору 593 нафар ба таълиму тарбияи томактабӣ ҷалб карда шудаанд. Аксари падару модарони муассисаҳои хусусӣ ба машварату семинарҳои сайёр оид ба забономўзӣ ниёз доранд. Барои баланд бардоштани фарҳанги забондонӣ, риояи маданияти нутқи кӯдакон машғулияти кушод бо иштироки волидайн баргузор мегардад.
Дар ин замина Вазорати маориф ва илм бо мақсади баргузор намудани мулоқоту суҳбатҳо дар мавзуи «Ҳуқуқи кӯдакро ҳифз намо» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо иштироки сардорони раёсат ва мудирони шуъбаю бахши маорифи шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ мулоқоту силсилачорабиниҳо доир намуд.
Дар чорабиниҳо доир ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, аз ҷумла ҳуқуқ ба таҳсил, баланд бардоштани донишомӯзии хонандагон, ҷалби хонандагон ба омӯзиши забони давлатӣ ва хориҷӣ ва ҳамкории падару модар бо муассисаи таълимӣ дар самти пурзӯр намудани назорати таълиму тарбия, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо иштирокдорон суҳбат гузаронида шуд.
Кормандони вазорат дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе бо донишҷӯён ва омӯзогорони ин муассисаҳо оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мулоқоту суҳбатҳо баргузор намуданд.
Дар ин вохӯриҳо доир ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вобаста ба баланд бардоштани донишомӯзии донишҷӯён, ҷалби донишҷӯён ба омӯзиши забони давлатӣ ва хориҷӣ ва ҳамкории падару модар бо муассисаи таълимӣ дар самти пурзӯр намудани назорати таълиму тарбия бо иштирокдорон суҳбат намуданд.
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои иҷрои ин банд бо мақсади баланд бардоштани масъулияти падару модар дар забономӯзии кӯдакон тариқи гузаронидани семинарҳо ва машваратҳои сайёр дар маҳалҳо соли 2023 тадбирҳои зиёде амалӣ гардидаанд. Ба ин масъала аз ҷониби роҳбарият ва комиссияҳои доимамалкунандаи назди муассисаҳои давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил», «Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ», «Маркази байналмилалии тавонбахшӣ дар ноҳияи Балҷувон» ва дигар марказҳо тариқи баргузории мизҳои мудаввар ва суҳбатҳо таваҷҷуҳи волидайн ба тарбияи кӯдакон дар руҳияи азхудкунӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва давлатӣ ҷалб карда шуд.
Дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 2022, омӯзиш ва аз ёд кардани 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ҳатмӣ дониста шуда, корбарӣ бо волидон бомаром идома дорад. Бо ин мақсад дар якчанд муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ машваратҳо оид ба баланд бардоштани масъулияти падару модар баҳри омода намудани шароити мусоиди забономӯзии фарзандон гузаронида шуданд.
Дар вилояти Суғд бо мақсади баланд бардоштани масъулияти падару модар дар забономӯзии кӯдакон дар муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуданд. Аз ҷумла, зимни баргузории вохӯриҳо, суҳбату мулоқот ва маҷлисҳои падару модарон оид масъалаи гиромидошти забони модарӣ, арҷ гузоштан ба ин рукни муқаддаси миллӣ, таҳкими забондонии насли наврас андешаронӣ карда мешавад. Тасмим гирифта шуд, ки минбаъд семинар ва машваратҳои сайёр дар маҳалҳо доир карда шаванд.
Инчунин Барномаи ислоҳнигорӣ ва усулҳои дурустнависӣ дар компютер аз ҷониби гурӯҳи кории кумита дар ҳаҷми 60 ҳазор калима омода гардида, бо мақсади омӯзиш ва бартараф намудани камбудиҳои дар амал мавҷудбуда шакли кори он дар компютерҳои кумита насб карда шудааст. Барнома пас аз нашри «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» бо ҷалби намояндагони ВАО муаррифӣ шуда, барои истифодаи ҳамагон пешниҳод карда мешавад.
Олимҷон Муҳаммадҷонзода: Бояд гуфт, ки ҳимояи давлатии забони тоҷикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.Татбиқи барнома ба ташаккули забони тоҷикӣ, рушди иҷтимоиву маънавии ҷомеа, адабиёт ва фарҳанги миллӣ, пешрафти илму маориф, худшиносии миллӣ ва ҳисси баланди ватандўстӣ мусоидат менамояд.
Умедворем, ки дар натиҷаи пурра амалӣ гардидани Нақшаи амалисозии «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» чунин натиҷаҳои назаррас ба даст меоянд. Аз ҷумла, барои татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ёрӣ мерасонад. Ҳамзамон дар заминаи сарчашмаҳои боэътимоди забоншиносӣ ва суннатҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик номҳои таърихии ҷуғрофӣ эҳё ва барқарор гардида, меъёрҳои таърихию суннатии номгузории шаҳрвандон ба танзим дароварда мешаванд.
Инчунин «Фарҳанги орфоэпии забони тоҷикӣ» бар пояи овонавишти забони тоҷикӣ таҳия ва нашр шуда, тарзи талаффузи дурусти онҳо дар асоси лексикаи меъёрӣ пешниҳод мешавад. Ҳамзамон баъди пурра амалӣ гардидании ин барнома дар доираи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» шакли хаттии забони адабии муосири тоҷик мукаммал шуда, меъёри навишт ва гуфтор танзим мегардад. Инчунин умед бар он дорем, ки барнома ба пешрафти ҳадафмандонаи забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ, устувории забон дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва муоширати сокинони ҷумҳурӣ мусоидат намуда, нақши забони давлатиро дар муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд мебардорад.