Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд

    Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд

    2024-06-06
    132

    Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

    Дар оғози ҳамоиш ректори донишгоҳ Жило Гулназарзода изҳор намуд, ки ҳадафи вохӯрии Пешвои миллат бо аҳли илм ва маориф- ин баррасии натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ бо аҳли зиё, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

    Таъкид гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон аз вазъи кунунии ҷаҳони муосир,  ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки насли наврасро бояд дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватанпарастӣ ва эҳтироми забони модарӣ тарбия намоем.

    Ҳамзамон оид ба бахшҳои гуногуни суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат ибрози назар намуда, дар бораи дастовардҳои соҳаҳои илму маориф дар замони соҳибистиқлолӣ, вазифаю масъулияти олимон дар ҷомеа ва тарбияи муҳаққиқони ҷавон сухан гуфта шуд.

    Дар поёни ҳамоиш байни иштирокчиён ва ҳозирин мубодилаи афкор доир шуда, иброз гардид, ки ҳар сухани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамо баҳри фардои дурахшони миллат аст.

    АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон  

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ