Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Даври ҷумҳуриявии озмуни «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». оғоз мегардад.

    Даври ҷумҳуриявии озмуни «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». оғоз мегардад.

    2022-12-03
    321

    Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат, раиси Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Матлубахон Сатториён ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Зимни он раиси комиссия аз ҳайати доварон даъват ба амал овард, ки дар ҷараёни  озмун шаффофиятро таъмин намуда,  бо иштирокдорон вобаста ба синну сол муносибат намоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт иттилоъ дод.

    Зимни баррасии масъалаҳо муовини Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки бо ташаббуси бевоситаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар се озмуни ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ шуда, аз ҷониби аҳолӣ, махсусан хонандагону омӯзгорон ва ҷавонону табақаи калонсоли кишвар дастгирии васеъ пайдо кардааст.

    «Ҳадафи асосии Сарвари давлат  аз баргузории ин озмунҳо, пеш аз ҳама, дарёфти чеҳраҳои нави соҳибистеъдод, донишманд, китобхону сухандон ва тарғиби ҳунару фарҳанг, илму дониш ва китобу китобхонӣ дар байни аҳолии кишвар аст. Дар ин росто, барои ғолибони ин озмунҳо дар баробари мукофотҳои пулӣ як қатор имтиёзҳо низ муқаррар гардидааст», — тазаккур дод Матлубахон Сатториён.

    Ҳамчунин, дар кори ҷаласа Вазири маориф ва илм, муовини раиси Комиссия Раҳим Саидзода вобаста ба тасдиқи протоколҳои ҳайати ҳакамони даври сеюми озмун ва иҷозат додани ғолибон барои иштирок дар даври чорум гузориш дод.

    Дар охир, вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда, бо назардошти таклифу пешниҳодоти иштирокдорони ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, аз ҷониби раиси Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Матлубахон Сатториён ба ҳайат ва аъзои комиссия дастур дода шуд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд, шаффоф ва холисона баргузор намудани даври ҷамъбастии озмун тамоми тадбирҳои  зарурӣ андешида шаванд.

    Дар охир мубодилаи афкор сурат гирифта, ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаштани озмун таклифу пешниҳоди иштирокдорон шунида шуд

    ДУШАНБЕ, 03.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. https://khovar.tj/2022/12/fur-i-sub-i-dono-kitob-ast-dar-alasai-ajati-komissiyai-ozmun-masalai-ba-tavri-shaffof-guzaronidani-on-barras-shud/

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ