Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    «СУРУДҲОИ МОНДАГОР». Дар қароргоҳи ЮНЕСКО-шаҳри Париж барномаи фарҳангии ҳунармандони тоҷик доир шуд

    «СУРУДҲОИ МОНДАГОР». Дар қароргоҳи ЮНЕСКО-шаҳри Париж барномаи фарҳангии ҳунармандони тоҷик доир шуд

    2024-06-08
    149

    Шоми 7 июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО-шаҳри Париж дар доираи чорабиниҳои бахшида ба  бузургдошти 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ таҳти унвони «Сурудҳои мондагор» барномаи фарҳангӣ доир гардид. 

    Барномаи фарҳангӣ дар доираи намоиши мусаввараву либосҳои миллии тоҷикӣ ва конфронси байналмилалӣ, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи ЮНЕСКО-шаҳри Париж ба бузургдошти 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз 5 то 8 июн мегузарад, пешниҳод гардид.

    Тавре дар ифтитоҳи барномаи фарҳангӣ таъкид гардид, эҷодиёти  Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун маснади суханофарини базми ишқ ба дараҷае воло ва шӯри каломи ҷонофаринаш он қадар сеҳрангез аст, ки номаш мояи орзу ва шеъраш боиси базму тараб будааст. Чакидаҳои қалами сеҳрнигори Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ шуҳрат ва аҳамияти ҷаҳонии адабиёти тоҷикро боз ҳам афзунтар ва ангезаҳои тамаддуни башарро боз ҳам рангинтару ғанитар гардонидаанд. Ҷалолуддини Румӣ аз нобиғагони назми классикии тоҷик буда, дар эҷоди суханварӣ дар ҷаҳон шинохта шудааст.

    Тавре қаблан иттилоъ додем, 7 июн конференсияи байналмилалии «Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва саҳми ӯ дар густариши фарҳанги ҷаҳонӣ» оғоз гардид, ки то 8 июн идома меёбад. Ҳадаф аз баргузории конференсияи байналмилалӣ-  пос доштани хотираи Мавлонои Балхӣ ва эътирофи саҳми безаволи ӯ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ буда, дар он олимону донишмандон аз тамоми гӯшаи канори олам ҷамъ омадаанд.

    Ёдовар мешавем, ки 5 июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО-шаҳри Париж бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши мусаввараву либосҳои миллии тоҷикӣ низ ифтитоҳ гардид, ки то ҷамъбасти конференсия идома меёбад.

     

    АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ