Аз 10 то 13 июни имсол дар шаҳри Душанбе дар доираи «Раванди оби Душанбе» Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор мегардад. Раванди оби Душанбе бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» тавассути баргузории силсилаконфронсҳо ҳар ду сол як маротиба аз ҷониби Тоҷикистон дар ҳамкории зич бо Созмони Милали Муттаҳид гузаронида мешавад. Ҳамраисҳои конфронс Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари департаменти масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид мебошанд.
Ба иттилои сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ, барои иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва вазирони давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, парламентарҳо, институтҳои молиявӣ, муассисаҳои таҳқиқотӣ ва таълимӣ, бахши хусусӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҳавзаи дарёву кӯлҳо, занон, ҷавонон ва ташкилоти кӯдакона даъват гардидаанд.
«Имрӯз мо тасдиқи иштироки аъзои Президиуми Босния ва Ҳерсеговина Зелка Свиянович, Сарвазири Габон Раймонд Ндонг Сима, ноиби сарони давлатҳои Зимбабве, Замбия ва Ангола, муовинони сарвазири Ватикан ва Узбекистон, муовинони спикерҳои Малайзия ва Қазоқистон, ҳамчунин вазирон, муовинони вазирон ва дигаронро гирифтем», афзуд Шоҳин Самадӣ.
Ҳамчунин намояндаи Вазорати корҳои хориҷии мамлакат таъкид намуд, ки дар ин чорабинии сатҳи баланд иштироки муовинони дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва роҳбарони бисёр созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар назар аст.
Бино ба маълумоти муқаддамотии ин манбаъ, дар конфронс то 2000 намоянда иштирок менамояд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи конфронс иштирокдорони ин чорабинии сатҳи баланд имкон доранд бо намоишгоҳи «Нигоҳи нав ба арзиши об» дар Маҷмааи давлатии «Кохи Сомон» ва бо иқтидори истеҳсолию саноатии Тоҷикистон дар Маҷмааи давлатии «Кохи Истиқлол» шинос шаванд.