Дар Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Синамо” баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур роҳбарияти муасссиса, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ва 29 нафар аъзоён иштирок намуданд. Баъди кушода эълон шудани Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Синамо” рӯзномаи маҷлис аз рӯи панҷ масъала якдилона тасдиқ карда шуд. Сипас барои қайди баромадҳо ва таклифу пешниҳодҳо котиботи маҷлис дар ҳайати се нафар аз миёни аъзоёни ташкилот интихоб гардиданд.
Аз рӯи масъалаи якуми ҷаласа ҳисоботи раиси Ташкилоти ибтидоии “Синамо” оид ба ҷамъбасти натиҷаиҳои фаъолият барои давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуд. Баъди ба анҷом расидани ҳисобот дар бахши музокирот намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур суханронӣ намуда, ҳисоботи раиси ташкилотро қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Дар идома аз ҷониби ҳозирин оид ба масъалаи мазкур лоиҳаи қарор тасдиқ гардид.
Аз рӯи масъалаҳои дуюм ва сеюми рӯзнома интихоби раис ва муовини Ташкилоти ибтидоии “Синамо” номзадии директори Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо” Набизода Набӣ Алигавҳар ба вазифаи раиси Ташкилоти ибтидоии “Синамо” ва номзадии муовини якуми даректори муассиса Раҷабзода Масрур Абдусаттор ба вазифаи муовини раиси Ташкилоти ибтидоии “Синамо” ба овоз монда шуда, аз ҷониби ҳозирин тасдиқ гардиданд.
Дар муҳокимаи масъалаи чоруми рӯзномаи маҷлис дар бораи интихоби вакилон ба Конференсияи XXXV ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур раиси Ташкилоти ибтидоии “Синамо” ҳамчун вакил барои иштирок дар Конференсияи XXXV ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур пешниҳод ва тариқи овоздиҳӣ интихоб карда шуд.
Масъалаи панҷуми рӯзномаро масъалаҳои ҷорӣ дарбар мегирифт. Дар анҷом якчанд нафар кормандони муассиса барои фаъолияти назарраси ҳизбӣ бо “Сипоснома” ва “Ифтихорнома”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур қадрдонӣ карда шуданд.