Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    «ҲУНАР ОМӮЗ…». Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид

    «ҲУНАР ОМӮЗ…». Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид

    2024-06-18
    231

    Дар боғи «Ҷавонон»-и пойтахт даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» баргузор гардид. Ғолибони он ба даври ҷумҳуриявии ин озмун роҳхат гирифтанд.

    Дар даври шаҳрии озмун аз чор ноҳияи пойтахт ҳунармандон иштирок намуда, ҳунарӣ кандакорӣ, чӯбтарошӣ, сабадбофӣ, гаҷкорӣ, кундалнигорӣ, оинабандӣ, заргарӣ, мисгарӣ ва оҳангарӣ, ороиш аз санг, кулолгарӣ, читгарӣ, зардӯзӣ ва попурӣ, намадбофӣ ва қолинбофиро муаррифӣ намуданд.

    Ғолибон ва фаъолони озмуни мазкур бо Диплом ва туҳфаҳои арзишманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд.

    Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 тасдиқ гардидааст, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати тарғиб ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо гузаронида мешавад.


    Ҳадафи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» дарёфти истеъдодҳои нав ва ҷалби ҷавонон ба ин соҳа, инчунин рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии мутахассисони соҳа, тақвият бахшидан ба касбияти онҳо, ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди мероси пурғановати ниёгон мебошад.

    Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид ва дар ин росто бисёре аз ҳунарҳои фаромушгаштаи мардумӣ, аз қабили суннатҳои гилембофӣ, атласу адрасбофӣ ва дигар намудҳои ҳунарҳои мардумии фаромӯшшуда, аз нав эҳё гардиданд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ