Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Дар Академияи ВАО-и Тоҷикистон вобаста ба самти сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ машғулияти омӯзишӣ оғоз шуд

    Дар Академияи ВАО-и Тоҷикистон вобаста ба самти сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ машғулияти омӯзишӣ оғоз шуд

    2024-06-18
    191

    Аз 18 июн то 8 июли соли равон дар Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» барои кормандони шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ, агентиҳои иттилоотӣ ва нашрияҳои даврӣ машғулияти омӯзишӣ вобаста ба инъикоси самти сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ баргузор мегардад. Машғулиятро устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ — мудири кафедраи сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ Аҳмадҷон Раҳмонзода ва мудири кафедраи меъмории биноҳо ва иншоот Раҷабалӣ Шокиров гузаронида, ба шунавандагон дар мавзуи мавриди назар дарс хоҳанд гуфт.

    Бояд гуфт, ки дарсҳои амалии машғулият дар синфхонаҳои лаборатории факултети сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ гузаронида мешаванд.

    Ёдовар мешавем, ки 1 марти соли 2016 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи Муассисаи давлатии «Академияи ВАО- и Тоҷикистон» иброз доштанд, ки «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон воситаи асосии таъмини соҳа бо кадрҳои баландихтисоси касбӣ ба шумор меравад».

    Муассисаи мазкур бо ҷалби мутахассисони варзидаи соҳа ҷиҳати ба бозомӯзӣ фаро гирифтани рӯзноманигорони ҷавон ва ҳайати техникии шабакаҳо барои татбиқи усулҳои мусоири журналистика ва истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотии замони имрӯз мусоидат менамояд.

    АКС: Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон»

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ