Ҳифзи захираҳои об
ва муҳиммияти он барои ҷомеаи ҷаҳон
Суръати ҳаводис ва падидаҳои ҷаҳонишавӣ ба рамз ҷараёни пуршиддат, пурталотум ва хурушони рӯдҳои кӯҳистонро мемонад, ки барои инсоният ҳам судҳо фаровон дорад ва ҳам зиён. Воқеият аст, ки дар чанд даҳсолаи охир ҷомеаи инсонӣ ба проблемаҳое мувоҷеҳ шуд, ки онҳо рӯ ба афзоиш доранд.
Муҳимтарини он ҳифзи муҳити зисти солим мебошад, ки тамоми ҳаёти ҷомеаи муосир ба он бастагӣ ва бештар аз он бақои наслҳои ояндаро муқаррар хоҳад кард. Манзур, замони нав бо кулвори мушкилоташ муносибати боандеша ва бохирадонаро дар ҳалли сарнавишти инсон тақозо мекунад. Хосса дар маркази мушкилоти сарбастаи экологӣ дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва дар маҷмуъ ҳифзи захираҳои об муҳим ба шумор меравад. Ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти муҳиммияти масоил, яъне тағйирёбии иқлим, норасоии оби нӯшокӣ, обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти экологии инсоният рӯйи кор омаданд.
Воқеист, ки ташаббусҳои бунёдӣ ва хирадмандонаи Сарвари давлат бо анъана ва донишҳои азалии ниёгон дар пайвандӣ буда, ҷомеаи кунуниро барои шинохти воқеии табиат, ҳифзи он барои эмин доштани инсони ояндасоз раҳнамун мекунад. Чуноне гавҳари ҷашнвораҳои мардуми тоҷикро чор унсури табиӣ ташкил медиҳанд, ки оби пок дар миён ҷойгоҳи хосса дорад.
Аз дидгоҳи Роҳбари давлат масъалаи об фаротар аз як масъалаи иҷтимоӣ мебошад. Яъне об ба олами сиёсат ворид шуда, ҳалли масъалаҳои мубрами сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ ва ҳуқуқии минтақа ва ҷаҳон ба он вобаста аст. Дар ин самт, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбарҳои бонуфузи созмонҳои байналмилалӣ пешниҳодҳои мушаххас, созанда ва дурнамосозро ба миён гузошт, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ташаббусҳои ҳаётан муҳим ҷонибдорӣ ва пазируфта шуданд.
Дар паёму суханрониҳои пайвастаи сатҳи минтақавию байналмилалӣ Президенти мамлакат, ки як навъ ҳушёрдеҳ низ ҳастанд, дар баробари дигар масъалаҳои доғ хатарҳои экологӣ мақоми муҳим доранд. Аз ҷумла таъкиди Пешвои муаззами миллат дар хусуси: “Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи захираҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд, ки барои ҳалли ин масоили экологӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд”, ҳамовозии давлатҳо ва созмонҳои байналмилалиро ба вуҷуд овард.
Дар ин раванд, баргузории Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” дар пасманзари раванди оби Душанбе гувоҳи натиҷаҳои мантиқии пешоҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи байналмилалӣ ва татбиқи бонизоми сиёсати хориҷии мамлакатмебошанд.
Дар конфронси мазкур Сарвари давлат аз натиҷаи ташаббусҳо ва дастгириҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки: “…Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, бахусус дар доираи “Раванди оби Душанбе” дар давоми ду даҳсола мамлакатҳои аъзои Созмони Милал ва ниҳодҳои он, сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ ва молиявӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро ҷиҳати муҳокимаи мушкилоти глобалии об ва дарёфти роҳҳои ҳаллу фасли он муттаҳид месозанд.
Моҳи марти соли 2023 ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди баргузории Конфронси таърихии Созмони Милали Муттаҳид оид ба об бо ҳамраисии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд гардид, ки он дар рӯзномаи ҷаҳонии об саҳифаи навро боз кард. Конфронси мазкур барои дарки моҳият ва муҳиммияти об дар рушди устувор ва зарурати амалҳои муассиру таъхирнопазир дар ин соҳаи ҳаётан муҳим таҳаввулоти ҷиддиро ба бор овард”.
Ба андешаи Пешвои муаззами миллат ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари авзоро хуб дарк мекунад, бинобар ин, лозим меояд, ки барои ҳалли масоили экологӣ ҳарчи зудтар чораҳои зурурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд. Яъне дар ин самт саҳлангорӣ ба манфиати кор нахоҳад буд.
Дар ин раванд, Президенти маҳбуби мамлакат пешниҳоди мушаххасро — ба тариқи густурда ҳамоҳанг сохтани сиёсати мамлакатҳои минтақа ва ҷаҳонро дар ҳалли истифода ва ҳифзи захираҳои об барои мавҷудияти бардавоми насли инсоният, дар сатҳи ҷаҳонӣ ба миён гузоштанд. Дар ин замина, об ба яке аз омилҳои муҳимми ҳамкорӣ ва кафили сулҳ табдил ёфт. Ин тамоилро ҳамоиш ва баҳам омадани намояндагони мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон дар форумҳои сатҳи байналмилалии об собит менамояд.
Ва ин қабил иқдом на бори нахусту соли аввал аст. Ташаббуси нахустини Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2003 – Соли оби тоза аз ҷониби 148 мамлакати ҷаҳон ҷонибдории комил ёфта, онҳоро атрофи муҳокимаи як масъалаи пураҳаммият гирди ҳам овард. Танҳо дар Форуми байналмилалии оби тоза соли 2003 дар шаҳри Душанбе намояндагони 53 мамлакат, 91 созмони байналмилаливу сохторҳои марбута, намояндагони барҷастаи доираҳои илмӣ, коршиносони ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон, намояндагони 40 созмони ғайридавлатӣ, муассисаву марказҳои илмӣ ва олимони машҳури ҷаҳон ширкат варзиданд.
Чунин маълумоти оморӣ, агар аз як ҷониб муҳим будани ҳалли масъалаи обро барои тамоми қишрҳои ҷомеаи ҷаҳон нишон диҳад, аз ҷониби дигар хусусияти муттаҳидкунӣ доштани ташаббуси Пешвои муаззами миллатро дар масъалаи об нишон медиҳад. Дар доираи форуми мазкур 18 чорабинии махсус баргузор гардида, мушкилоти марбут ба об дар миёни ҳукуматҳо ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, олимон ва коршиносони шинохта мавриди баррасии густурда қарор гирифтанд.
Дар баробари он хусусияти созандагӣ доштан об манбаи муноқишаҳо низ мегардад. Чуноне Сарвари давлат иброз доштанд, мушкилоте, ки дар масъалаи тақсимоти захираҳои об дар байни давлатҳои олам вуҷуд дорад, дар баъзе мавридҳо таҳдид ба сар задани муноқиша, моҷароҳои сиёсӣ ва таззодҳои манфиро дорад.
Дар миён омилҳои табиӣ низ сабаб мешаванд, вале омилҳои огоҳона ва беадолатонаи таърихӣ – сиёсиро низ набояд фаромӯш кард. Дар миқёси ҷаҳон беш аз 240 дарёи байнидавлатӣ мавҷуданд, ки беш аз 170 мамлакати гуногуни дунё аз онҳо истифода менамоянд ва ин раванд, ҳалли мусолиҳатомез ва дурнамосозро тақозо дорад.
Дар ин радиф, яке аз равандҳои муҳим ва меҳварии иқдомоти байналмилалии Пешвои миллатро дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамоҳангсозии боҳушона ва густурдаи сиёсати мамлакатҳои минтақа ва ҷаҳон дар самти истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об барои мавҷудияти бардавоми насли инсоният ташкил медиҳад.
Тибқи мулоҳизаҳои Сарвари давлат муҳиммияти истифода ва ҳифзи захираҳои об барои аз хатар эмин доштани аҳолии ҷаҳон амалҳои ҷиддиро талаб мекунад. Раванди ба маротиб афзоиш ёфтани аҳолии сайёра мушкилоту масъалаҳои экологии ҷаҳонро боз ҳам душвор ва печидатар мегардонад. Дар асоси оморҳои расмӣ шумораи аҳолии сайёра ба 8 миллиард нафар баробар гардидааст. Нишондиҳандаҳои оморӣ шаҳодат аз он медиҳанд, ки дар дусад соли охир шумораи аҳолии кураи Замин 8 маротиба афзоиш ёфтааст. Яъне ин раванд аз пиндори мо бештар бошиддату бо суръат ҷараён мегирад.
Дар ҳоле, ки дар ибтидои асри XX аҳолии кураи Замин ҳамагӣ 1,5 миллиард нафарро ташкил мекард, дар аввали асри XXI бошад аҳолии дунё ба 6 миллиард нафар расид ва ин шумора дар соли 2011 ба 7 миллиард нафар баробар шуд. Яъне дар байни 11 сол аҳолии сайёра як миллиард нафар зиёд гардид. Ба ҳисоби СММ бошад, шумораи аҳолии Замин то соли 2030 ба 8,6 миллиард, то соли 2037 ба 9 миллиард, то соли 2050 ба 9,5 миллиард ва соли 2058 ба 10 миллиард нафар баробар хоҳад шуд.
Бо дарназардошти чунин раванди босуръат зарурати воқеии ҳамкориҳои давлатҳо, созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва аҳолии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҷодаи корҳои ташкилӣ, молиявию сармоягузорӣ, технологию мушоҳидавӣ, илмӣ ва пешгирию бартарафсозандаро ба роҳ монда, бояд амалӣ гардонида шаванд. Чунин сиёсат метавонад боиси рў ба беҳбудӣ ниҳодани вазъи кунунии захираҳои обӣ дар минтақа гардида, барои нигоҳдории босамари онҳо имкониятҳои нав ба нав тавлид ёбанд.
Нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
дар баргузории Раванди оби Душанбе ва ҳалли масъалаҳои умумиҷаҳонии об
Ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид аст, ки дар натиҷаи талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд мақоми хосса пайдо намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намуда, мавриди баррасии дақиқ қарор дода шуда, аксари ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба ҳалли ин масъалаҳо дастгирии ҳамаҷониба ёфтаанд.
Ин равандро метавон такомули маърифати сиёсӣ ва равнақи дипломатияи муваффақона унвон дод. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кушодани роҳ ба сўи ояндаи дурахшон ва нақш гузоштан дар ҳалли проблемаҳои муҳимми ҷаҳонӣ дар таҳияи сиёсати хориҷӣ дипломатияи обро роҳандозӣ намуд. Барои тарҳрезии ин сиёсат Сарвари давлат корҳои муҳиммеро сомон дод, ки дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ ниҳоят бузургу саривақтӣ маҳсуб меёбанд.
Агар ба заминаҳои таърихӣ-бунёдии нақш ва мавқеи Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти обии минтақа ва ҷаҳон таваҷҷўҳ намоем, он аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ва равобити мустақими байналмилалӣ бо дигар мамлакатҳо ба созмонҳои умумиҷаҳонӣ сарманшаъ мегирад.
Воқеан, неруҳои солими ҷомеаи ҷаҳонӣ ба жарфнои ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили об ва истифодаи он ворид шуданд ва онро муҳим ва саривақтӣ пазируфтанд. Чуноне. тибқи маълумоти созмонҳои минтақавию байналмилалӣ зиёда аз 750 миллион нафар ба оби нўшокии безарар дастрасӣ надошта, интизор меравад, ки бо дарназардошти афзоиши тадриҷии аҳолӣ то соли 2030 қариб 40 дарсади аҳолии ҷаҳон ба мушкилоти норасоии об дучор гарданд.
Дар ҳамин замина сиёсати инсонпарварона ва ташаббусҳои созандаи бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар ҷодаи ҳифзи захираҳои обии ҷаҳонӣ дар марҳилаҳои зайл мушоҳида мешавад:
— пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (МУ СММ, 1-уми октябри 1999) — эълон намудани соли 2003 — Соли оби тоза. Дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии СММ соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. 29 август — 1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид;
— пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”. 23 декабри соли 2003 Маҷмаи Умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон кард;
— ташаббуси эълон намудани соли 2013 ҳамчун соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об. Соли 2013 ҷомеаи байналмилалӣ, дар асоси Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ 67/204, ки муаллифи он Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро қайд намуд. Маросими оғози Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар қароргоҳи ЮНЕСКО- шаҳри Париж 11-уми феврали соли 2013 баргузор гардид.
— пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”. 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон кард. Қобили зикр аст, ки ташаббуси мазкур бори аввал аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12-уми апрели соли 2015 зимни баргузории Форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея ироа гардида буд.
Бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2003 то соли 2010 дар шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои гуногуни об гузаронида шуд, ки муҳимтаринашон инҳо мебошанд:
— Форуми байналмилалии оби тоза (29-уми август – 1-уми сентябри соли 2003);
— Конфронси байналмилалӣ доир ба ҳамкориҳои минтақавӣ дар ҳавзаи дарёҳои байнисарҳадӣ (30-юми май – 1-уми июни соли 2005);
— Конфронси байналмилалӣ доир ба коҳиш додани офатҳои табиии марбут ба об (27-29-уми июни соли 2008);
— Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамўҳлати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005 – 2015 (8-10-уми июни соли 2010).
Бояд қайд намуд, ки ҷонибдорӣ ёфтани 4 ташаббуси глобалии экологии Тоҷикистон вобаста ба ҳалли масъалаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ, аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи об дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи махсусро ишғол менамояд.
Дар ин масир, Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти умдаи ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла, дар масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ саҳми арзишманд дорад. Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун “Раванди оби Душанбе” пазируфта шудааст, мамлакати моро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври хос муаррифӣ кард. Ҳоло иқдоми чоруми Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ гардида истодааст.
Проблемаи тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилоти ҷиддии замони муосир мавриди таваҷҷуҳи дурандешонаи Президенти маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Мояи ифтихор аст, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии давлати мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ ва дар иҷрои он ҷомеаи ҷаҳонӣ масъулияти созандаеро баҳри ояндаи босуботи инсоният ба уҳда гирифтааст.
Дар ин замина, 11-уми июни соли равон дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид. Дар ҷараёни ин чорабинӣ зиёда аз ду ҳазор нафар аз ҳайатҳои расмии беш аз 100 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарону коршиносон ва таҳлилгарони масоили обу иқлим аз 62 ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ширкат намуданд.
Бо вуҷуди тадбирҳои судманди ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти маҳбуби мамлакат иброз намуданд, ки: “Амалу иқдомҳои имрӯзаи мо барои расидан ба ҳадафҳои дар ин самт муайянгардида ҳоло ҳам кофӣ нестанд, зеро хавфу таҳдидҳои муосир нисбатан босуръат ва пуртаъсир гардидаанд. Тайи панҷ соли охир мо пайваста шоҳиди солу моҳҳои гармтарин дар сайёра дар тамоми давраи мушоҳидаҳо гардидаем. Тибқи гузориши коршиносон, соли 2023 низ ҳамчун соли гармтарин сабт шудааст. Эҳтимоли қавӣ вуҷуд дорад, ки ин ниҳояти кор нест ва дар чанд соли оянда мо боз шоҳиди дигар рақамҳои рекордӣ хоҳем шуд».
Мушкилот ва ҳаводиси зиёну осеб барои Тоҷикистон низ ноошно нест. Яъне Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муҳиммияту рўзмара будани масъалаҳои вобаста ба об манфиатдор аст. Вобаста ба ин, Пешвои миллат ба маврид қайд намуданд, ки «ҳиссаи ҳодисаҳои фавқулодаи марбут ба об дар шумораи умумии офатҳои табиӣ ва ҳаҷми хисорот аз онҳо низ сол ба сол рӯ ба афзоиш дорад. Дар давоми 20 соли охир ин ҳисса аз 80 ба 90 фоиз расида, ҳаҷми зарар бамаротиб зиёд шудааст. Мисоли возеҳи ин гуфтаҳо селу обхезиҳои соли равон дар минтақаҳои гуногуни олам, аз ҷумла, дар Тоҷикистон мебошад, ки ба иқтисоди мамлакатҳо садҳо миллион доллар зарари молиявӣ расониданд.
Агар чанд сол пеш мо дар бораи чор баробар зиёд кардани талошҳо барои ноил гардидан ба Ҳадафи 6-уми рушди устувор сухан мерондем, имрӯз, тибқи иттилои ниҳоди “Созмони Милал – Захираҳои об” моро лозим аст, ки амалҳои худро бояд шаш баробар зиёд намоем, то ба ин ҳадаф бирасем.Дар ин замина, моро зарур аст, ки дар баробари иҷрои уҳдадориҳои дар доираи Конфронси оби Созмони Милал гирифтаамон, барои амалу иқдомҳои наву таъсирбахш кӯшиш кунем».
Дилпуркунанда аст, ки яке аз ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «эҷоди майдони васеъ барои густариши таҷрибаи андӯхта ва ҳамкориҳо дар соҳаи об» шумурданд.
Ин майдон дар сурати афзоиши аҳолӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ, таѓйирёбии иқлим, таъмини дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нўшокӣ хеле паҳновар мебошад. Бар асари таѓйирёбии иқлим дар давраи зикршуда аллакай зиёда аз 50 дарсади аҳолии ҷаҳон бо мушкилии норасоии об рў ба рў мегарданд. Илова бар ин, раванди биёбоншавӣ, афзудани офатҳои табиии вобаста ба об ва ѓайраҳо, ки ба захираҳои обӣ ва сифати он таъсири манфӣ мерасонанд, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ татбиқи чораҳои фавриро талаб мекунанд.
Мусаллам аст, ки дар ҳамкорӣ ва ҳалли ин масъалаҳо Тоҷикистон нақши калидӣ хоҳад дошт. Тибқи маълумоти мутахассисон мамлакати мо аз рўйи бузургии ҳаҷми захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон мақоми 8-ум ва аз рўйи ҳаҷми қиёсии захираҳо (ба ҳар сари аҳолӣ ва ба ҳар 1 км. ҳудуд), мутаносибан, ҷойҳои аввалу дуввумро ишғол менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 25 ҳазор дарё ва дарёчаҳо, зиёда аз 10 000 пирях ва кўлҳо мавҷуданд, ки дар онҳо 20 км³ обҳои нўшокӣ захира шудаанд. Бо ҳамин нишондод Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби давлатҳо мавриди эътироф қарор гирифтааст.
Чуноне ишора шуд, дастовардҳои беназири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти об ё худ “дипломатияи об” бешубҳа аз сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат сарчашма мегирад, ки Тоҷикистонро ҳамчун мамлакати ташаббускор дар ҳалли мушкилоти обу экология дар сатҳи глобалӣ муаррифӣ намудааст. Яке бар дигар зам масъалаи “Наҷоти баҳри Арал аст”, ки баҳри рафъи ин мушкилоти аср мамлакати мо саҳми арзанда мегузорад.
Зимни мулоҳизоти зикршуда, барои расидан ба ҳадафҳои меҳварии сиёсати давлативу умумибашарӣ оид ба ҳифзи захираҳои обӣ тамоми давлатҳо, созмонҳои байналмилалиро мебояд новобаста аз эҳтиёҷоташон ташаббускорӣ ва ҳамбастагию иттиҳодро тақвият бахшанд. Истифодаи беҳтар ва оқилонаи захираи обҳои фаромарзӣ ба ҳамкории зичи мамлакатҳои ҳаммарз вобастагӣ дорад.
Аҳаммияти байналмилалии ҳифзи захираҳои обӣ дар пасманзари ҳамоишҳои Раванди оби Душанбе
Тағйирёбии сартосарии иқлим дар сайёра, сол то сол гармшавии ҳаво мушкилоти ҷиддии экологиро ба бор меорад, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиши ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардааст. Оқибати ин тағйирёбӣ ба захираҳои обии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ муасир буда, аллакай аз худ дарак дода истодааст.
Об дар Осиёи Марказӣ дар баробари неъмати бебаҳои истеъмолӣ будан, муҳимтарин унсури миллӣ ва ҳифзи амниятии минтақа аст. Об унсури ҳаётан муҳимест, ки дар хоҷагии халқ бо мақсади обёрии замин, таъмини эҳтиёҷот ба хўрока ва тавлиди энергия истифода бурда мешавад. Ҳоло муайян шудааст, ки зиёда аз 90 фоизи оби ҳавзаи Баҳри Арал дар обёрии кишоварзӣ сарф мегардад.
Баробари афзоиши аҳолӣ ва беш аз пеш расидани мамлакатҳои минтақа ба шукуфоии иқтисодӣ талабот ба об зиёд мешавад. Дар шаст соли охир шумораи аҳолӣ дар минтақа аз 20 миллион ба 65 миллион нафар ва талабот ба истеъмоли солонаи об аз 60 км3 ба 110 км3 расида, мувофиқи пешгӯиҳои илмӣ ин талабот то соли 2030 боз то 20 фоизи дигар афзоиш хоҳад ёфт. Вобаста ба тағйирёбии иқлим ва ба таври бесобиқа гарм шудани ҳавою обшавии аз меъёр зиёди пиряхҳо масъалаи таъминоти минтақаро бо об дар солҳои наздик боз ҳам печидатар хоҳад кард.
Бо вуҷуди дар саргаҳи оби ошомидани қарор доштан Ҳукумати Тоҷикистон сиёсати оқилонаю сарфакоронаро ба об ҳамчун неъмати бебаҳо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ роҳандозӣ намудааст.
Тоҷикистон ҳамчун мамлакати дорои захираҳои фаровони об ба ҳалли мушкилоти вобаста ба он назари нек дорад, зеро ташаббусҳои оқилонаи Роҳбари маҳбуби он пеш аз ҳама ба таҳкими ҳамкориҳо ва танзими муносибатҳо барои ояндаи дурахшони ҷомеаи инсонӣ нигаронида шудаанд. Ин дар ҳолест, ки 60 фоизи оби дарёҳои Осиёи Марказӣ, аниқтараш 64 миллиард метри мукааб об солона дар қаламрави Тоҷикистон тавлид меёбад. Манбаи оби фаровони мамлакат дар навбати аввал боришоти барфу борон дар минтақаҳои баландкӯҳ бошад, аз сӯйи дигар пиряхҳост, ки захираи чандсадсолаи барфро нигоҳ медоранд. Барфҳои доимӣ дар фарозҳои бузург зери таъсири вазни худ ғафс шуда, тадриҷан ба яхи фирновии (куҳнаи) донакдор ва пас аз гузашти муддате боз ҳам ғафстар гардида, ба яхи шаффофи пурҷило табдил меёбанд. Қариб нисфи ҳамаи қитъаҳои пиряхии Осиёи Миёна дар ҳудуди Тоҷикистон дар баландии баштар аз 3500-5300 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидаанд.
Дар бастагӣ бо ҳамин масъала, Сарвари давлат дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” чунин ибрози андеша намуданд: “Тоҷикистон, бо вуҷуди он ки дорои захираҳои фаровони оби тоза, аз ҷумла пиряхҳо, кӯлҳо ва дарёҳост, ба мушкилиҳои марбут ба об таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Аз ин лиҳоз, мавзӯи захираҳои об, истифодаи оқилона ва устувори онҳо яке аз авлавиятҳои сиёсати давлати мо муайян гардидааст”.
Аҳаммияти байналмилалии ҳифзи захираҳои обӣ дар пасманзари ҳамоишҳои густурдаи раванди оби Душанбе бозгўи он аст, ки “Раванди оби Душанбе” ҳамчун майдони муколамаи васеъ ва озоди ҷонибҳои гуногуни манфиатдор барои омодагии ҳамаҷониба ба баргузории Конфронси оби Созмони Милал дар соли 2028 дар Душанбе нақши муҳим хоҳад бозид. Имкониятҳои ин платформа, ҳамчунин, барои омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милал дар соли 2026 метавонанд мавриди истифода қарор гиранд.
Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат: “Мо набояд фаромуш кунем, ки об сарчашмаи ҳаёт аст ва бе он зиндагӣ вуҷуд надорад. Об — ҳаёти инсон ва тамоми мавҷудоти зиндаи табиат аст. Об на танҳо захира барои нӯшидан аст, он барои тавлиди нерӯи барқ, истеҳсоли ғизо, рушди саноат, устувории муҳити зист ва дигар ҷанбаҳои ҳаёт нақши калидӣ дорад”.
Бо дарназардошти муҳиммияти ҳамоишҳо ба бунёди азалии фарҳанги тоҷик ишора шуд, ки: «Мо кӯшиш менамоем, ки ҳар як ҳамоиши об дар Душанбе ба ҷамъомади идона табдил ёбад, чунки об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт сазовори эҳтиёт ва эҳтирому арҷгузории шоиста аст. Онро бояд оқилона ва сарфакорона истифода барем, қадр намоем ва барои наслҳои оянда ҳифз кунем.”
Дар баробари ин, бояд аз мадди назар дур насозем, ки масоили экологӣ, алалхусус таъмини ҳифзи пиряхҳо метавонад ба суботи экологии наслҳои ояндаи аҳолии Тоҷикистон ва ҳатто минтақа созгор бошад. Бинобар ин, бояд боз ҳам масоили робитаҳои берунӣ оид ба беҳсозии вазъи мавҷудаи захираҳои пиряхҳои ҳудуди мамлакат ва омўзиш, нигаҳдорӣ ва ҳифзи онҳо ҷоннок карда шаванд.
Мутаассифона, таҳдидҳову хатарҳои муосир, сиёсати номатлуби қувваҳои ситезакор, таҳоҷуми фарҳангӣ, терроризму ифротгароӣ барои ҳалли масъалаҳои мазкур монеаи ҷиддӣ эҷод мекунанд. Дар ҳоле, ки ҷомеаи ҷаҳонро мебояд дар ин ҷодда фаъолона ва дастҷамъона амал намоянд. Хосса ба ҳифзи пиряхҳо, ки захираи асосии оби пок мебошанд.
Мавзуи мазкур низ аз масъалаҳои муҳимми рӯзномаи кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Тибқи мулоҳизоти Сарвари давлат вазъи захираҳои об дар сайёра, махсусан оби тоза зери таъсири амиқи таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, тамоюли шаҳрнишинӣ ва саноатикунонӣ сол то сол муташанниҷ мегардад. Дар ин асно, масоили ҳифзи пиряхҳо баҳри расидан ба мақсадҳои рушди устувор мусоидати бештар менамоянд.
Чуноне ки Пешвои миллат зикр менамоянд: “обшавии босуръати пиряхҳо… раванди нигаронкунанда мебошад ва мо бояд барои пешгирӣ аз он чораҳои муассир ва муштарак андешем”.
Қонунгузорӣ ва таҷрибаи миллӣ оид ба ҳифзи захираҳои об
(дар партави ташаббусҳои байналмилалии Пешвои муаззами миллат)
Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат оид ба истифодаи захираҳои обӣ на танҳо ба рушди иқтисодиву иҷтимоии нигаронида шудааст, балки ҷиҳати роҳандозӣ намудани ислоҳоти қонунгузории соҳаи об нақши муҳимму созада ва бунёдӣ доранд.
Зеро дар заминаи ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти соҳаи об, гузариш ба шаклҳои нави идоракунӣ, таъсиси институтҳои нав ва такмили қонунгузории соҳа ба миён омаданд.
Ҳамзамон, дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи об баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ пурра ислоҳоти ҳуқуқӣ гузаронида шуд. Дар баробари пешрафти соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вазъи ҷомеа низ таѓйир ёфта, барои ба танзим даровардани муносибатҳои муҳимми соҳаи об зарурати қабули санадҳои нав ва ё ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда пеш омад.
Қонунгузории амалкунанда дар соҳаи об, аз ҷумла Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи об, дар партави гузариш ба принсипи идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об ва ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такмил дода шуд.
Айни замон заминаи мукаммали қонунгузории соҳа бодарназардошти ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, дар асоси роҳнамоии ин ташаббусҳо Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2020, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби нўшокӣ ва рафъи обҳои партов» аз 19 июли соли 2019, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» аз 2 январи соли 2020 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои муҳимми барномавӣ, ба монандӣ «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015; «Барномаи беҳсозии таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нушокӣ барои солҳои 2008-2020» ва «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2022, таҳия, қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.
Чунин асосҳои танзими ҳуқуқии масъалаҳои об дар сатҳи қонунгузории миллӣ ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ идомаи мантиқии татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли проблемаҳои умумиҷаҳонии об буда, бо мақсади роҳандозӣ гардидани Ҳадафҳои Рушди Устувор дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” мусоидат менамоянд.
Инчунин, доир ба таҷрибаи миллӣ оид ба ҳифзи захираҳои об дар партави ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат якчанд заминаҳо ва дастоварду тадбирҳои судманд дар мамлакат роҳандозӣ гардидааст. Дар ҳамин раванд, Пешвои миллат дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” зикр намуданд, ки: “Мо барои ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи милливу минтақавӣ низ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ кардаем. Аз ҷумла, барои пурра гузаштан ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об мо “Барномаи ислоҳоти соҳаи обро барои солҳои 2016-2025” амалӣ карда истодаем.
Таҳияи “Стратегияи миллии об барои давраи то соли 2040” ва “Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои давраи то соли 2032”, инчунин таъсиси низоми ягонаи иттилоотии соҳаи об аз иқдомҳои муҳимми мамлакати мо дар ин самт маҳсуб меёбанд.
Барномаву стратегияҳои мо дар ин самт, масъалаҳои вобаста ба беҳбуди маданият ва истифодаи оқилонаву сарфакоронаи об ва ҷорӣ намудани технологияҳои нави обёриро низ дар бар мегиранд. Мо талошҳои худро барои гузаштан ба “иқтисоди сабз” дучанд карда истодаем ва захираҳои об дар расидан ба ин ҳадаф нақши калидӣ доранд”.
Бояд қайд намуд, ки то ин муддат зиёда аз 98 фоизи неруи барқи Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои гидроэнергетикии мамлакат истеҳсол мешавад. Дар заминаи ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат расонидани ин нишондиҳанда то соли 2032 ба 100 фоиз, яъне тавлиди нерӯи барқ пурра аз ҳисоби захираҳои “энергетикаи сабз” ба роҳ монда мешавад.
Инчунин, умед аст, ки маҳз бо ташаббусҳои Сарвари давлат ва иқдомҳои созандаи Ҳукукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2037 Тоҷикистон ба “мамлакати сабз” табдил меёбад. Дар ин замина, дар баробари истифодаи пурраи неруи таҷдидшаванда, “Барномаи кабудизоркунии табиати мамлакат то соли 2040” қабул гардидаст, ки тибқи он дар ин давра дар мамлакат бояд зиёда аз ду миллиард ниҳол шинонида шавад.
Дар маҷмуъ, чунин тадбирҳои илман асоснок, дурбинонаву оқилона Пешвои маҳбуби миллат барои ҳифзи захираҳои об, истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат менамоянд.
Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви
вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон