Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд

    Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд

    2024-06-21
    178

    20 июн дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти  унвони   «Эмомалӣ Раҳмон, истиқрори сулҳ, ризояти миллӣ, таҳкими Ваҳдат ва рушди давлатдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор шуд. 

    Дар ҳамоиш иштирокдорон  атрофи мафҳум ва моҳияти ваҳдати миллӣ  ибрози андеша намуда, аҳамияти онро барои имрӯзу фардои мамлакат  шарҳ доданд.

    Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки  саҳифаҳои пурифтихори давлатдории навини тоҷикон гувоҳ аст, ки таърих дар ҷои холӣ пайдо намешавад ва онро шахсиятҳои бузург якҷо бо миллатҳои бузург меофаранд. Ваҳдати миллии тоҷикон низ натиҷаи заҳмату ҷоннисориҳои Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

    Таъкид гардид, ки роҳи пурифтихоре, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии собитқадамонаи Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паймудааст ба садсолаҳо баробар буда, моҳияти ин сабақи таърихӣ бояд ба наслҳои имрӯзаву оянда ҳамчун раҳнамои зиндагӣ омӯзонида шавад.

    Иброз гардид, ки таҷрибаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои сулҳофар ва Президенти маҳбуби миллат дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва пойдории истиқлолу ваҳдати миллӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ мебошад, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.

    Дар фарҷоми ҳамоиш як қатор фаъолон барои иштироки дар корҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва дастовардҳои арзанда бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

    АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ