Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бонувони Китобхонаи миллии Тоҷикистон либоси миллиро тарғиб менамоянд

    «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бонувони Китобхонаи миллии Тоҷикистон либоси миллиро тарғиб менамоянд

    2024-06-22
    228

    Бонувони Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқдоми тарғиботию ташвиқотии «Тоҷикона мепӯшем!»-ро ҷонибдорӣ намуда, бо пӯшидани пироҳани атласу адрас ва чакан, ки сад рангу сад намудро дар бар мегирифт, бори дигар зебоии либоси миллиро собит сохтанд. 

    Бонувон дар атрофи китобхона, ки ҳама ҷо мисли куртаҳои тоҷикии онҳо гулрезу гулпӯш аст, сайру гашт намуда, бо занону духтарони роҳгузар оид ба таърихи либоси миллӣ ва тарзи пӯшидани он суҳбатҳо гузарониданд.

    Бонувони Китобхонаи миллӣ ҳамсуҳбатони худро даъват намуданд, ки дар таблиғ ва муосиргардонии либоси миллӣ, ки он яке аз воситаҳои асосии шинохти миллат дар ҷаҳон аст, саҳмгузор бошанд.

    Бояд гуфт, ки имрӯзҳо бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои неки миллӣ, дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастӣ, тарғиби ахлоқи либоспӯшӣ дар ҷумҳурӣ пӯшидани атлас, адрас, чакан, алоча ва дигар либосҳои миллӣ баргузор мешавад.

    Либос як рукни муҳими фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардааст.

    АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ