Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Конфронси байналмилалии «Тоҷикистон-Чин: ҳолат ва дурнамои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ дар давраи нав» ба кори худ оғоз намуд

    Конфронси байналмилалии «Тоҷикистон-Чин: ҳолат ва дурнамои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ дар давраи нав» ба кори худ оғоз намуд

    2024-06-24
    109

    Субҳи имрӯз дар Душанбе бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, роҳбарон ва коршиносони варзидаи марказҳои илмӣ-таҳлилии Тоҷикистону Чин Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон-Чин: ҳолат ва дурнамои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ дар давраи нав» ба кори худ оғоз намуд.

    Конфронс бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стретегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, ҳадафи баргузории он арзёбии вазъи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, нақлиёт ва роҳу воситаҳои тавсеи шарикии ҳамаҷонибаи стратегии ду мамлакат мебошад.

    Дар конфронс масъалаҳои рушди ҳамкории сиёсӣ ва эътимоди мутақобила байни Тоҷикистону Чин дар замони муосир, вазъи ҳамкории дуҷониба ва дурнамои шарикии стратегии ҳамаҷониба дар марҳалаи нав, ҳолат ва дурнамои ҳамкорӣ дар қолабҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

    Ҳамзамон дар конфронс рӯнамоии китобҳои «Тоҷикистон – Чин: аз дӯстии таърихӣ то ба шарикии стратегӣ» ва «Тоҷикистон – Чин: 30 соли ҳамкории босамар» дар назар дошта шудааст.


    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ