Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Пагоҳ дар «Боғи Ирам»-и Душанбе ҷашни Тиргон, иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» баргузор мегардад

    Пагоҳ дар «Боғи Ирам»-и Душанбе ҷашни Тиргон, иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» баргузор мегардад

    2024-06-29
    275

    ДУШАНБЕ, 29.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 30 июн дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон»  баргузор мегардад. Дар инҷо  навъҳои гуногуни зардолу, анвои аз он омодашуда, олу, гелос, шафтолу, себ, ғалладонагӣ, зироати полезӣ, аз ҷумла тарбузу харбуза ба намоиш ва фурӯш гузошта шуда, сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон доранд ин маҳсулотро бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар дастрас намоянд.

    Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳамчунин дар макони баргузории ҷашни Тиргон дастовардҳои илмии олимони соҳаи кишоварзии мамлакат низ ба намоиш гузошта мешавад.

    Дар чорабинӣ  беҳтарин боғдорон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки дар фаъолияти яксолаашон ба дастоварҳои намоён  ноил гардидаанд, бо мукофот қадрдонӣ мешаванд.

    Бояд гуфт, ки ҷашни Тиргон низ ба монанди Сада, Наврӯз ва Меҳргон вобаста ба гоҳшуморӣ ё солшумории пешиниён буда, то густариши мардуми ориёитабор вуҷуд дошт. Баъдан, дар даврони паҳн шудани тамаддуни ориёиҳо ниёгони мо ин ҷашнҳоро ба диду салиқаи нав таҷдиди назар ин тантанаҳоро ба шодию нишот баргузор менамуданд. Пас аз Наврӯз, зери таъсири фурӯғи хуршед ҳаво гармтар мешавад. Моҳи Тир (ё Тирмоҳ, баробари 21 июн — 21 июл) дар фасли гармо, дар тобистон рост меояд. Дар ин давра гандум расида, меваҳо мепазанд. Ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин рехтаи ғаллакорон оғоз мешавад.

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажуҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» иброз намудаанд, ки «мо – мардуми тоҷик бо мероси бузурги Сомониён ифтихор дорем ва анъанаву суннатҳои бостонии худро гиромӣ медонем. Як қисми ин мероси камназир падидаи нодири фарҳангӣ дар тамаддуни башарӣ ба ҳисоб рафта, таърихи боз ҳам қадиматар дорад, ки ҷашну маросим ва ойинҳои Наврӯз, Тиргон (ҷашни қадимаи фасли тобистон), Меҳргон ва Сада аз ҳамин қабиланд…»

    Ёдовар мешавем, ки Ҷашни Тиргон бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 оид ба «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» баргузор карда мешавад.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ