Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВАО-и расмии Чин ва мақолаи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар матбуоти даврии Тоҷикистон

    Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВАО-и расмии Чин ва мақолаи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар матбуоти даврии Тоҷикистон

    2024-07-05
    148
    05.07.2024 08:00, шаҳри Душанбе

    Дар ҳошияи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори Агентии иттилоотии “Синхуа” мусоҳиба анҷом доданд.

    Зимни суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи кунунии муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорию шарикии стратегии Тоҷикистону Чин, ҳадафҳо ва афзалиятҳои ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ” дар таъмини рушди устувору бемайлони иҷтимоию иқтисодии кишварҳо, дар бораи мавқеи Созмони Ҳамкории Шанхай дар самти муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, инчунин дигар самтҳои равобити дуҷониба, ба саволҳои хабарнигори Чин посухҳои мушаххасу пурмуҳтаво доданд.

    Мавриди зикр аст, ки мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзноманигори чинӣ дар Агентии иттилоотии “Синхуа”, сомонаҳои интернетӣ ва дигар васоити ахбори омма ба таври васеъ инъикос гардид.

    Дар мақолаи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин бо номи “Муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон: Ба хотири ояндаи дурахшон” роҳбари кишвари ҳамсоя оид ба рушду густариши робитаҳои шарикии стратегӣ, сатҳи баланди муколамаи сиёсӣ, нақши арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмиқи муносибатҳои дӯстию ҳамсоягии Тоҷикистону Чин, саҳми назарраси Сарвари давлати Тоҷикистон дар таъсис ва пешрафти Созмони Ҳамкории Шанхай, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак бар нафъи мардумони ду кишвар бо таҳлилҳои амиқ андешаронӣ кардаанд.

    “Ман бо Президент Эмомалӣ Раҳмон 15 маротиба вохӯрдаам ва муносибатҳои хуби корию дӯстии амиқи шахсии мо ба пешрафти муносибатҳои Чину Тоҷикистон мусоидат менамоянд” - овардааст дар мақолаи худ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин.

    Бояд гуфт, ки мақолаи Роҳбари кишвари ҳамсоя дар сомонаи Агентии миллии иттилотии Тоҷикистон  “Ховар” ва дигар матбуоти даврӣ нашр гардид.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ