ДУШАНБЕ, 06.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 июли соли равон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо намояндагони ҷомеа ва фаъолони вилояти Суғд баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар медиҳад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки сокинони вилояти Суғд дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистон содиқона меҳнат менамоянд.
Сипас Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон сухан гуфта, вазъи кунунии риояи ҳуқуқу тартибот, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии ҷиноятсодиркуниву хурофотпарастӣ ва дигар масъалаҳои мубрамро таҳлил намуд.
Таъкид гардид, ки 9 март мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони аҳли ҷомеа, ходимони дин ва 30 май бо аҳли илм ва маорифи ҷумҳурӣ баргузор гардида, дар он вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ, пешгирии зиёдаравии аҳолӣ дар барпо намудани ҷашну маросим, муборизаи беамон бар зидди ҳамагуна хурофотпарастӣ ва шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Хотиррасон гардид, ки дар ин раванд ду қонунии асосии мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кудак» дар таҳрири нав қабул гардид.
Ин тадбири муҳим масъулияти аҳли ҷомеаи мамлакатро дар таълим ва саводноккунии насли ояндасози миллат боз ҳам бештар намуд.
Гуфта шуд, ки дар вазъияти мураккабу зудтағирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар як сокини мамлакатро зарур аст, ҳушёриву зиракиро аз даст надода, баҳри муборизаи беамон бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа дар сафи аввал қарор дошта бошанд. Бо ин мақсад бояд корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ байни аҳолӣ ва мулоқоту вохӯрӣ бо фаъолон ҳадафмандона доир гардад.
Пешрафт ва шукуфоии ҳар як давлату миллат аз амну суботи ҷомеа, риояи ҳатмии қонунҳои амалкунанда, сулҳу суботи комил ва якпорчагиву муттаҳидӣ маншаъ гирифта, барои ин аҳли ҷомеа бояд ҳамеша баҳри ҳифзи манфиатҳои давлату миллат омода бошад.
Дар рафти мулоқот Прокурори генералӣ бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат ба ҳозирин пешниҳод намуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани саводнокии шаҳрвандон дар Соли маърифати ҳуқуқ машварат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ пурзӯр карда шавад.
Ҳамзамон назорати қатъӣ ва доимии донишандӯзии хонандагон аз ҷониби омӯзгорону волидон, маҳдуд намудани тамошои ҳаргуна филмҳои тарғибкунандаи фаҳшу зӯроварӣ, таъмини ҷавонон бо ҷойи доимии корӣ, ҷалби ҳарчи бештари фаъолони ҷомеъа ва ходимони дин барои кор бо аҳолӣ, пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб, мубориза бар зидди таълимоти ғайриқонунии динӣ, боз ҳам тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати кор арзёбӣ гардид.
Дар идомаи мулоқот чанде аз фаъолон ва намояндагони соҳаҳои гуногун аз шаҳру ноҳияҳои вилоят сухан намуда, ҳамовозии худро бахри ободу шукуфоии Тоҷикистон баён доштанд.
Аз ҷумла гуфта шуд, ки кулли сокинони шарафманди вилояти Суғд аз мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин руҳу илҳоми тоза гирифта, ҳамарӯза баҳри ободии диёр ва пойдории амну суботи мамлакат заҳмат мекашанд.
Шумораи зиёди сокинон ҳавасмандии худро барои анҷоми корҳои созандагӣ баён медоранд ва тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд, ки намунаи олии татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар маҳалҳо ба ҳисоб меравад.
Дар фарҷоми мулоқот таъкид гардид, ки минбаъд низ фаъолон баҳри таъмини рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд