Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Физикони ҷавони тоҷик барои иштирок дар Олимпиади байналмилалии «ISPHO» омодагӣ мегиранд

    Физикони ҷавони тоҷик барои иштирок дар Олимпиади байналмилалии «ISPHO» омодагӣ мегиранд

    2024-07-15
    194

    ДУШАНБЕ, 15.07.2024. Дастаи панҷнафараи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арманистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Перу, Туркманистон ва Узбекистон ҷиҳати иштирок ва омодагӣ ба Олимпиадаи ҷаҳонии «ISPHO» аз фанни физика, ба Донишкадаи физика ва техналогия шаҳри Москва сафарбар гардиданд.

    Бояд гуфт, ки олимпиадаи мазкур 3-11 июли соли равон дар вилояти Мухтори Ханти-Мансийски Донишкадаи физика ва технологияи Москва (МФТИ) баргузор гардида буд. Ин навбат 21-30 июли соли равон дар вилояти Исфаҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад. Дарсҳои лагери омӯзишӣ 12 июл оғоз ёфта, то 19 июл идома меёбанд.

    Ҳадаф аз баргузории машғулиятҳо дар он аст, ки хонандагони мо дар ҷараёни омӯзиши имтиҳони таҷрибавии худ бештар ба қисматҳои амалӣ машғул мешаванд.

    Хонандагон дар рафти омодагӣ аз таҷрибаи беназири олимони Русия барои омодагӣ ба Олимпиадаи ҷаҳонии IPhO аз фанни физика дарс мегиранд. Дастаи мунтахаби Русия пайваста бо медалҳои тилло дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии IPhO мукофотонида мешаванд, аз ин рӯ омодагӣ барои дастаи мунтахаби мамлакати мо низ ҷолиб хоҳад буд.

    Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон иборат аз панҷ нафар дар қатори 23 мамлакати дунё дар Олимпиадаи байналмилалии «ISPHO», ки аз 3 то 11 июл дар шаҳри Ханти-Мансийски Федератсияи Русия аз фанни физика баргузор шуд, иштирок намуда, сазовори 2 ҷойи сеюм гардиданд.

    Олимпиадаи байналмилалии «ISPHO» олимпиадаи сатҳи баланд буда, ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Округи Мухтори Ханти-Мансийски-Югра ва Донишкадаи физика ва технологияи Москва баргузор карда мешавад.

    АКС: Вазораи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ