Омӯзгоронро дар Тоҷикистон бо замини наздиҳавлигӣ таъмин менамоянд. Ҳамин тавр мехоҳанд онҳоро ба деҳа ҷалб кунанд. Заминро барои сохтмони хонаҳо ҷудо мекунанд, иттилоъ додааст мухбири телевизиони «МИР» дар гузориши худ.
«Ба 13 нафар омӯзгорони ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон аллакай чор садякӣ замин ҷудо карда шудааст. Аксарияти онҳо мутахассисони ҷавонанд», — гуфта мешавад дар гузориш.
«Дар як хона 16 нафар ҳастем. Падару модар, бародарон бо оилаҳояшон. Акнун соҳиби хонаи худ мешавем. Бо хешовандон будан хуб аст, вале ҳоло фарзандони ман соҳиби хона гардидаанд», — гуфт омӯзгори фанни таърих Файзалӣ Саидов ба хабарнигори телевизион.
Давлату Ҳукумат минбаъд низ ба оилаҳои муаллимон ёрӣ мерасонанд. Дар ояндаи наздик ин маҳаллаҳо бо инфрасохтор таъмин мегарданд.
«Дар навбати аввал барқу об барои истеҳсоли семент таъмин мегарданд. Барои интиқоли бор низ роҳ сохта мешавад», — гуфт мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Кушониён Бобоҷон Вализода.
Омӯзгорон мустақилона хона месозанд. Худашон барои маҳаллаи нав ном меёбанд. Аллакай намунаи номҳо мавҷуд аст — «Боғи гулафшон» ё «Деҳаи оқил».
Давоми соли равон дар вилояти Хатлон беш аз панҷоҳ нафар омӯзгорон соҳиби замин шуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, моҳи июни имсол ба омӯзгорон ва кормандони ҷавони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) калиди манзили хизматӣ супорида шуд. Дар доираи дастгирии давлатӣ ба 30 нафар омӯзгорон манзили зист дода шуд.
Ҳамин тариқ, хобгоҳи №1 ДМТ, воқеъ дар маҳаллаи Гипрозем дар масоҳати 1,7 метри мураббаъ баъди таъмири асосӣ дарҳол ба истифода дода шуд.
Дар маросими ба истифода додани манзилҳои истиқоматӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, вакили Маҷлиси намояндагон, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ , муовини Вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода, ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода ва дигарон ширкат доштанд.
Дар саҳни бино дар вазъияти тантанавӣ ба сокинон калиди манзилҳо супорида шуд.
Иштирокдорон сокинони нави хобгоҳро табрик гуфта, таъкид доштанд, ки чунин иқдом яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳукумат мебошад.
Маълум аст, ки дар айни замон дар ДМТ омӯзгорони калонсол ва дорои унвонҳои илмӣ, ки ба корҳои таълимӣ-методӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ машғуланд, кор мекунанд, вале қисме аз онҳо манзил надоранд.
Қобили зикр аст, ки бо мақсади таъмини иҷтимоии донишҷӯён дар шаҳраки донишҷӯён, воқеъ дар маҳаллаи Буни Ҳисорак, ҳамчунин бинои 12-ошёна барои беш аз 1 ҳазор донишҷӯ сохта, ба истифода дода шуд.
Бинои хобгоҳ хусусӣ карда намешавад ва дар тавозуни донишгоҳ барои омӯзгорон ва кормандон боқӣ мемонад.
Ёдовар мешавем, ки Қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон» моҳи майи соли 2006 тибқи моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо мақсади пурзӯр намудани ҳифзи иҷтимоии мутахассисони ҷавони соҳаи маориф ва ҷалби онҳо ба фаъолияти омӯзгорӣ қабул шуда буд.
Тибқи қонун, аз 1 январи соли 2007 давоми се соли аввали кор барои муаллимони ҷавоне, ки дорои маълумоти олии педагогӣ буда, дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаклҳои гуногун кор мекунанд, имтиёзҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
— бо тартиби ғайринавбатӣ ҷудо кардани замин барои сохтмони манзил;
— ба қадри имкон дар ноҳияҳои кӯҳистон барои боғу токзор чудо кардани замин;
– додани қарзҳои имтиёзнок барои хариди чорвои ширдеҳ ё парвариши 20 оилаи занбӯри асал.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ якҷоя бо Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон вазифадор карда шудаанд, ки масъалаи ҷудо кардани қитъаҳои заминро ҳал кунанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Парлумони кишвар охири соли гузашта таъкид карда буданд: «Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад».
ДУШАНБЕ, 07.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. https://khovar.tj/2022/12/ukumati-to-ikiston-om-zgoronro-dastgir-mekunad-ba-on-o-hona-zamin-baroi-bunyodi-manzil-va-bo-dor-udo-gardida-arz-oi-imtiyoznok-doda-meshavand/