Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нахустин маротиба озмуни «Чеҳраи муваффақи диёр»-ро таҳти унвони «Якдил бишавему мулк обод кунем» дар доираи Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» баргузор менамояд.
Дар озмун чеҳраҳои саршинос, хизматчиёни давлатӣ, собиқадорони ҳизбу меҳнат, омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд ва шогирдони онҳо, кормандони соҳаи фарҳанг, тандурустӣ, саноат, кор бо занон, кор бо ҷавонон, аҳли эҷод, варзишгароне, ки ба шарафи ғалабаи онҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон парафшон ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо додааст, соҳибкорони ватанӣ, ки дар бунёди иншооти ҷашнии 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм мегузоранд, ҳамватанони бурунмарзӣ, ки дар пешрафту ободонии диёр бо бунёди муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатӣ, роҳу пулҳо саҳми арзишманд мегузоранд, раисони ташкилоти ибтидоии ҳизбии шаҳри Ҳисор ва дигар қишри ҷомеа, ки дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандона, инсондӯстона ва созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фаъолияти касбии худ ба комёбиҳои баланди касбӣ мушарраф гардидаанд, иштирок карда метавонанд.
Дар маҷлиси нахустини Кумитаи тадорукот ангораи озмуни «Чеҳраи муваффақи диёр» тасдиқ шуд.
Дар ҷаласа иброз гардид, ки мақсад аз ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ба озмун- ин иҷрои ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар Анҷумани ХII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иброз намуда буданд: «Яке аз вазифаҳои муҳими ташкилоти ҳизбӣ робитаи доимии онҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Мо бояд бо ҳамватанонамон мунтазам кор барем, зеро ҳамватанони бурунмарзиамон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ низ фарзандони халқи мо ва гузашта аз ин, шаҳрвандони мамлакати мо мебошанд».
Ба ғолибони озмун дар ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба 30 — солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷоиза ва дипломи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор тақдим мешавад.