Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Дар «Тоҷикфилм» рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ баргузор гардид

    Дар «Тоҷикфилм» рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ баргузор гардид

    2024-07-31
    170

    Имсол маротибаи панҷум аст, ки Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Питчинг (рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ)-ро бо иштироки коргардонҳо, филмноманависон, продюсерон ва коршиносони соҳа баргузор менамояд. 

    Тавре иттилоъ дода шуд, 29 июл дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров дар Питчинг 9 лоиҳаи синамоӣ пешниҳод гардида, аз ҷониби муаллифон ва коргардонҳо ба таври аёнӣ (слайд-шоу) муаррифӣ  шуданд.

    Гуфта шуд, ки лоиҳаҳои муаррифишуда давоми 10 рӯзи кории тақвимӣ мавриди баррасию омӯзиши Комиссияи экспертӣ қарор гирифта, ба талаботи филмбардорӣ муносиб интихоб ва ба Шурои бадеӣ пешниҳод мегарданд.

    Зимни Питчинг иштирокчиён доир ба лоиҳаҳои синамоии рӯнамоишуда ибрози андеша намуда, барои такмилу беҳтар гардидани сатҳу сифати филмномаҳо ба соҳибқаламони ҷавон маслиҳатҳои муфид доданд.

    Мақсади баргузории рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ дарёфти филмномаҳо ва истеъдодҳои ҷавон барои тақвияти истеҳсолот ва филмофарӣ мебошад.

    Лоиҳаҳои синамоӣ то 29 август қабул карда мешаванд. Баргузории Питчинги навбатӣ 30 августи имсол дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар назар дошта шудааст.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ