Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар риштаи бокс соҳиби медали биринҷӣ шуд

    БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар риштаи бокс соҳиби медали биринҷӣ шуд

    2024-08-04
    149

    Имрӯз муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар вазни то 92 кг дар даври нимниҳоии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар риштаи бокс шикаст хӯрд ва соҳиби медали биринҷӣ шуд. 

    Дар ин давр Давлат Болтаев муқобили варзишгари узбекистонӣ Лазизбек Муллоҷонов рақобат намуд.

    Бояд тазаккур дод, ки муштзани тоҷик дар даври чорякниҳоӣ бар варзишгари ирландӣ Ҷек Марли бо ҳисоби 4:1 ғалаба намуд ва ба даври нимниҳоии Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфт.

    Ёдовар мешавем, муштзаноне, ки ба марҳилаи нимниҳоии Бозиҳои олимпии Париж-2024 баромаданд, аллакай ҷоизадори ин мусобиқа мебошанд, зеро дар сурати мағлуб шудан соҳиби медали биринҷӣ мегарданд.

    Ҳоло дастаи олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 се медали биринҷӣ дорад. Ду медали биринҷии дигарро дар риштаи ҷудо Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг ва Темур Раҳимов дар вазни + 100 кг ба даст оварданд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ