Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 59 муассисаи олии таълимии хориҷӣ ҳамкорӣ дорад

    НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 59 муассисаи олии таълимии хориҷӣ ҳамкорӣ дорад

    2024-08-03
    163

    Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо 59 донишгоҳу донишкадаи давлатҳои хориҷи дуру наздик созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар доираи онҳо ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва эҷодӣ пеш мебарад. Дар ин хусус 2 август ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ зимни баргузории нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

    Муҳриддин Низомӣ иброз дошт, ки дар айни замон дар донишкада 71  донишҷӯ аз хориҷи мамлакат дар шакли рӯзона ва ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз шумораи умумии донишҷӯёни хориҷӣ 1 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва боқимонда аз Ҷумҳурии Узбекистон мебошанд.

    “Дар доираи ин созишномаҳо 11 донишҷӯи донишкада барои идомаи таҳсил ба Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтой фиристода шуд”, — гуфт ректори донишкада.

    Инчунин иттилоъ дода шуд, ки аз натиҷаи иштироки фаъолона ва ғолибияти донишҷӯён дар озмунҳои байналмилалӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2024 ба унвони донишкада 46 диплому сипоснома ворид гардид, ки инҳо 1 Гран-При, 14 Дипломи дараҷаи 1, 11 Дипломи дараҷаи 2, 6 Дипломи дараҷаи 3, 7 Диплом барои иштироки фаъолона ва 7 Сипосномаи фахрӣ ба кормандону устодони донишкада мебошад.

    Бо мақсади рушди иқтидори илмӣ кормандону устодони донишкада дар 11 конференсияву форумҳои байналмилалӣ тариқи ҳузурӣ ва ғайриҳузурӣ иштирок намуданд. Аз натиҷаи онҳо 43 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои илмӣ ва маҷмуаҳои илмии хориҷи мамлакат ба табъ расид, ки нишондиҳандаи назаррас мебошад.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ