Тавре қаблан иттилоъ додем, 7- 8 август дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи 20-уми Шурои машваратии роҳбарони хадамоти бойгонии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад. Дар доираи ин ҷаласа Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Бойгонии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамо дар ҷомеаи муосир: раванди мубрами рушд» доир мегардад.
Тибқи иттилои манбаъ, Ҷаласаи 20-уми Шурои машваратии роҳбарони хадамоти бойгонии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 7 август дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Бойгонии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамо дар ҷомеаи муосир: раванди мубрами рушд» 8 август дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мешавад.
Дар доираи баргузории ин чорабинӣ, саёҳати меҳмонон-иштирокдорони ҷаласа ба мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои Душанбею Ҳисор ва ноҳияи Варзоб дар назар дошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки вазифаҳои қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, назорати риояи қонунгузорӣ оид ба кори бойгонидорӣ ва коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳоро сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон иҷро менамояд ва ба рушди минбаъда ва такмили кори бойгонидорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.
Бойгонӣ яке аз қисмҳои таркибӣ ва ҷудонашавандаи сохтори давлатӣ ва манбаи асосии нигоҳдории далелҳои ҳуҷҷатӣ мебошад, ки далелҳои раднашавандаи фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ ифода менамоянд. Ҳуҷҷатҳои дар бойгониҳо маҳфузбуда ҳамчун хазинаи гаронбаҳо ва ифодакунандаи воқеаҳои таърихӣ аз насл ба насл гузашта, ба сифати далелҳои боэътимод хизмат менамоянд.
Самти фаъолияти бойгонӣ ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳо буда, моҳияти бойгонӣ таъмини ҷомеа бо иттилооти тарҷеҳист.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 2000 «Дар бораи муҳлатҳои ниҳоии дар бойгониҳои идоравӣ нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо ва ба нигоҳдории давлатӣ супоридани онҳо», ташкилоту идораҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон, вазифадор шудаанд, ки бо гузашти муҳлатҳои дар бойгониҳои идоравӣ нигоҳ доштан, ҳуҷҷатҳояшонро ба бойгониҳои байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии шаҳру ноҳияҳо ва бойгониҳои давлатии ҷумҳурӣ супоранд.