Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҳияи лоиҳаи «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон» ҷаласаи корӣ баргузор намуданд.
Дар ҷаласа намояндагони вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Маркази исломшиносӣ ва дигар масъулини дахлдор иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки ба китоби «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон», ки соли 2018 тасдиқ ва нашр гардида буд, иловаҳо ворид гардиданд.
Баъди тасдиқ ва нашри «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон» он ба тамоми қишрҳои ҷомеа дастрас мегардад. Тарзи либоспӯшӣ ва риояи он дар муҳити атроф ба фарҳанги миллӣ таъсир расонида, сатҳи ҷаҳонбинӣ, маданият ва завқи зебоипарастии халқро ифода ва муаррифӣ менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати таҳкими Истиқлолият ва сулҳу субот тамоми рукнҳои давлатдориро эҳё карда, бо фарҳанги волояш дар олам машҳур гаштааст. Либоспӯшии тоҷикон аз қадим аз дигар халқҳо фарқ дошт ва он ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, риоя кардану аз бар намудани либосҳои миллӣ бояд барои ҳар соҳибватан шараф бошад. Инчунин донистани тарзи либоспӯшӣ ва риояи он дар муҳити атроф ба фарҳанги миллӣ таъсир расонида, сатҳи ҷаҳонбинӣ, маданият ва завқи зебоипарастии халқро ифода ва муаррифӣ менамояд.
Таъкид шуд, ки ҳар шаҳрванди мамлакат бояд ба маданияти либоспӯшӣ диққати аввалиндараҷа диҳад; бо кадом либос ҳузур доштани худро дар хона, ҳавлӣ, атроф, ҷойҳои ҷамъиятӣ, корхонаву муассисаҳо, чорабиниҳои гуногун донад ва хешро бо тарзи дурусти либоспӯшӣ муаррифӣ намояд.
Зимни ҷаласа намунаи либосҳо вобаста ба синну сол аз ҷониби вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо рӯнамоӣ гардид.
Дастурамал хусусияти тавсиявӣ дошта, бо мақсади ба танзим даровардани тарзи либосӯшии миллӣ пешниҳод гардидааст.
Итминон дорем, ки он пеши роҳи хурофоту бегонапарастиро гирифта, воситаи муҳими тарғиби либосҳои муосири миллӣ ва муаррифи миллату мамлакат мегардад.
Таъкид шуд, ки мақомоти маҳаллӣ, кумитаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, ҷомеаи шаҳрвандӣ, роҳбарони бахши фарҳанг дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои фарҳангиро зарур аст, ки дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ ба тарғиби дастурамал ва замимаҳои он, ки бо аксҳо нишон дода шудаанд, мусоидат намуда, дар тарғиби яке аз рукнҳои миллӣ саҳми шоиста гузоранд.
Ёдовар мешавем, ки 25 март дар маҷмааи Майдони «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар тантанаҳои ҳамоиши наврӯзӣ- «Корвони шодӣ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди пӯшидани либоси бегона чунин таъкид намуда буданд: «Забону фарҳанг ва анъанаҳои миллии худро дӯст дорем. Сару либосҳои миллиамонро дӯст дорем. Дӯстони азиз, модарону хоҳарони меҳрубон, бинед, чӣ хел рангоранг, чӣ қадар зебоянд либосҳои миллии мо. Бе ҳамин ҳам мардуми ориёитабор, мо – тоҷикон мардуми зебо ҳастем, либосҳои миллӣ моро боз ҳам зеботар мекунанд. Бас кунед бегонапарастиро!».
Дар робита ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат бояд тамоми вазорату идораҳо, сохторҳои қудратӣ дастҷамъона бар зидди пӯшидани либосҳои ба фарҳанги мо бегона мубориза бурда, дар тамоми маҳаллаҳои шаҳр ва берун аз он байни сокинон суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳиро боз ҳам бештар баргузор намоянд.
Рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ нахустин маротиба Фестивали либосҳои миллӣ баргузор мегардад. Дар фестивал намудҳои гуногуни либосҳои миллӣ, ки аз матои атласу адрас ва чакан омода гардидаанд, муаррифӣ мешаванд. Дар ин хусус 22 июл зимни нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Фестивал ба хотири эҳтироми арзишҳои фарҳангӣ, либоси миллӣ, ҳисси зебоипарастӣ, боло бурдани маданият ва бедор намудани завқи баланди либоспӯшии аҳли ҷомеа, бахусус баланд бардоштани нақшу мақоми либосҳои миллӣ ва риояи тарзи пӯшидани он доир мегардад.
Дар мамлакат ҳамасола ба хотири тарбияи эҳтироми арзишҳои фарҳанги либоси миллӣ, ҳисси зебоипарастӣ, боло бурдани маданият ва бедор намудани завқи баланди либоспӯшии аҳли ҷомеа, бахусус баланд бардоштани нақшу мақоми либосҳои миллӣ байни кӯдакон, наврасон, ҷавонон, духтарон, занону мардон, риояи тарзи пӯшидани либосҳо ва муарифии либосҳои миллӣ чандин фестивал ва ҳамоишҳо, аз қабили «Ҷилваи рангҳо», «Сад ранги чакан», «Тоҷикона мепӯшем», «Либоси миллӣ» ва дигар барномаҳо доир мегарданд.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон