Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд

    2024-08-13
    166

    Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам муҳтарам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

    «Ҷаноби Олӣ,

    Сарфарозам Шуморо ба муносибати интихоб шуданатон ба вазифаҳои масъули Дабири кулли Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Вйетнам ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам сидқан табрик  намоям.

    Ба Шумо сиҳатмандии комил, дар фаъолияти ҳизбӣ ва давлатиатон  комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Вйетнам сулҳу суботи пойдор ва рифоҳу шукуфоии рӯзафзун орзумандам.

    Тоҷикистон ва Вйетнам аз анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамкории барои ҷонибҳо судманд бархурдоранд.

    Мо ҷонибдори таҳкиму тавсеаи робитаҳои ҳасанаи ду кишвар   дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем ва ба дурнамои онҳо диди нек дорем.

    Изҳори умед менамоям, ки бо саъю талошҳои муштараки ҷонибҳо ҳамкории байнидавлатии кишварҳои мо минбаъд низ рушд ёфта, бо мазмуну муҳтавои нави амалӣ ғанӣ хоҳанд гашт.

    Аз ҷониби худ омодаем, ки ҷиҳати пешбурди ин раванд ба тадбирҳои муассири дуҷониба, аз ҷумла муколамаи созандаи байнидавлатӣ дар сатҳҳои олӣ ва баланд идома диҳем».

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ