Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    БАХШИДА БА 33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар кинотеатрҳои Душанбе филмҳои таърихӣ намоиш дода мешаванд

    БАХШИДА БА 33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар кинотеатрҳои Душанбе филмҳои таърихӣ намоиш дода мешаванд

    2024-08-13
    154

    Бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» тасмим гирифтаанд, ки барои тамошои дастҷамъонаи филмҳои таърихӣ дар кинотеатрҳои шаҳр барои сокинону меҳмонони пойтахт, аз ҷумла ҷавонон шароит муҳайё намоянд. 

    Намоиши филмҳо то таҷлили ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кинотеатрҳои «Ватан» ва «Зебуниссо» идома меёбад.

    Ин иқдом ба хотири бештар огоҳ гардидани насли наврас ва ҷавон аз раванди давлатсозиву давлатдории миллӣ ва хизматҳои мондагори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин масир гирифта шудааст.

    9 август дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ» намоиш дода шуд, ки онро ҷавонони шаҳри Душанбе тамошо намуданд.

    Ёдовар мешавем, ки ин филм аз ҷониби Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» омода шуда, муаллиф ва коргардони филм Носир Саидов мебошад.

    АКС: Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ