Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2024» ҷамъбаст гардид

    Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2024» ҷамъбаст гардид

    2024-08-15
    138

    13-14 август даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2024» ҷамъбаст шуд, ки дар он мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №112-и ноҳияи Сино Фирӯза Ғаюрова сазовори ҷойи якум гардид.

    Барои муайян намудани ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ фаъолияти педагогӣ, дониш ва маҳорати касбии мураббӣ, машғулияти таълимӣ, тасвир намудан ва сохтани манзара бо дархости ҳайати доварон ва таҳлили ҳолатҳои равонӣ ба назар гирифта шуд. Барои ҳар довталаб зимни гузаронидани машғулият ва кор бо кӯдакон вобаста ба гурӯҳҳои синнусолӣ аз 30 то 35 дақиқа вақт пешбинӣ гардид.

    Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон» ҳар сол бо мақсади баланд бардоштани мақоми таҳсили томактабӣ дар шароити кунунӣ ва нишон додани афзалияти таҳсили томактабӣ дар пешрафти ҷомеа, дарёфт ва ошкор сохтани мураббиёни боистеъдод, навовар ва эҷодкор, қадрдонии меҳнати онҳо ва баланд бардоштани мақому манзалат дар ҷомеа, рушди фаъолияти касбии кормандони соҳаи маориф, тарғиб намудани таҷрибаи пешқадами мураббиёни беҳтарини Тоҷикистон гузаронида мешавад.

    Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд ва шаффоф гузаронидани он тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ