Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    «ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони Душанбе ба меҳмонӣ ба шаҳри Хоруғ рафтанд

    «ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони Душанбе ба меҳмонӣ ба шаҳри Хоруғ рафтанд

    2024-08-16
    97

    Дар доираи дастгириву роҳнамоиҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади шиносоӣ бо урфу одат, анъана, фарҳанги миллӣ, таҳкими дӯстиву ҳамдилӣ дар байни ҷавонони шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ таҳти унвони «Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир» Фестивали дӯстии ҷавонони пойтахт ташкил  гардид. 

    Дар оғози меҳмонии ҷавонони пойтахт муовини Раиси шаҳри Душанбе бо иштирокчиён вохӯрӣ намуда, изҳор дошт, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои ҷавонпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷавонони мо дар ҳама самт фаъолияти назаррас дошта,  муаррифи миллату давлат дар арсаи байналмилалӣ мебошанд.

    Изҳор шуд, ки имрӯз ҷавонон аз ҳуқуқҳои зиёд бархӯрдоранд, аз ҷумла ҳуқуқ ба идоракунӣ, иштирок дар маъракаҳои сиёсӣ ва фаъолияти гуногуни ҷамъиятӣ, ки ҳамаи ин дар Конститутсияи мамлакат ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ нишон дода шудаанд.

    Ёдовар мешавем, ки Фестивали дӯстии ҷавонон 15 август оғоз гардида, то 18 август идома меёбад.

    Дар доираи баргузории чорабиниҳо иштирокчиёни фестивал бо маконҳои таърихиву фарҳангӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ ва меҳмондориву меҳмоннавозии ҷавонони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Шамсиддини  Шоҳин, Дарвоз, Рӯшон ва шаҳри Хоруғ аз наздик шинос мешаванд.

    АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ