Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ (27 сентябр) дар майдони шаршараи «Наврӯзгоҳи пойтахт» намоишоҳ ва барномаи фарҳангӣ баргузор мегардад.
Баргузории барнома барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, мусоидат ба амалишавии ҳадафҳои стратегии соҳа, огоҳонидани доираҳои васеи ҷомеа вобаста ба аҳамияти соҳаи сайёҳӣ дар иқтисодиёти ҷаҳон, иқтисодиёти миллӣ ва саҳми сокинони мамлакат дар раванди рушди устувори соҳаи сайёҳӣ, ҳавасмандгардонии субъектҳои хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва қадрдонӣ намудани саҳми барҷастаи шахсони алоҳида, ташкилоту муассисаҳо дар соҳаи сайёҳӣ, тарғибу ташвиқи ҷашну анъанаҳо, фарҳанги миллӣ ва тақвияти ҳамкории субъектҳои соҳаи сайёҳӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Бояд гуфт, ки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамоиш бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ озмун эълон намудааст, ки дар ин рӯз ғолибон аз рӯи номинатсияҳои «Беҳтарин ширкати сайёҳӣ», «Беҳтарин меҳмонхона», «Беҳтарин тарабхона», «Беҳтарин роҳбалад» ва «Беҳтарин блогнависи соҳаи сайёҳӣ» бо мукофот қадрдонӣ мешаванд.
Озмун бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳавасмандгардонии субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ, рӯзноманигорон ва дигар намояндагони воситаҳои ахбори омма, блогерон, ҷалб намудани коршиносони мустақил ба тарғибу ташвиқи васеи имконияти сайёҳӣ дар сомонаҳои мустақил, густариш бахшидани хизматрасониҳо дар соҳаи сайёҳӣ ва ба ин васила ҷалби сайёҳони хориҷӣ гузаронида мешавад.
Дар озмун дар ҳар номинатсия 3 ҷой муайян карда шудааст, ки ғолибон аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ бо диплом ва маблағи пулӣ сарфароз гардонида мешаванд. Инчунин нафароне, ки дар озмун фаъолона иштирок намуда, дар ташкили он саҳм мегузоранд, бо «Сипоснома» қадрдонӣ мегарданд.
Дар озмун ширкатҳои сайёҳӣ, тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо, роҳбаладон, рӯзноманигорон, коршиносон, инчунин нафароне, ки ба талаботи низомномаи озмун ҷавобгӯ мебошанд, иштирок карда метавонанд.
Хоҳишмандон метавонанд барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳоро то 10 сентябр ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супоранд.