Дар Фестивал-намоиши сеюми байналмилалии илмию амалӣ дар мавзуи «Масъалаҳои ҳалталаби рушди гӯсфанди зоти ҳисорӣ», ки 17 август дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид, калонтарин гӯсфанди зоти ҳисорӣ дар вазни 192 кило аз хоҷагии «Сим-Сим»-и ноҳияи Рӯдакӣ соҳиби «Шоҳҷоиза» гардида, бо нархи 40 ҳазор сомонӣ харидор пайдо намуд.
Зимни Фестивал-намоиши сеюми байналмилалии илмию амалӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода, олимону мутахассисони соҳаи чорводорӣ аз Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Беларус ва дигар давлатҳои хориҷӣ оид ба дастовардҳои соҳаи гӯсфандпарварӣ сухан намуданд.
Таъкид шуд, ки Фестивал-намоиши «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ» дар сатҳи байналмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе ва дар мулки зархезу дорои таърихи беш аз 3000-сола Ҳисори Шодмон дар партави дастуру супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор баргузор гардид.
Дар фестивал –намоиш чорводорон аз шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаи Рашт ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ гӯсфанди зоти ҳисориро ба намоиш гузоштанд. Ҳадафи баргузории Фестивал-намоиш рушди минбаъдаи соҳа ва тақвияти фаъолият дар парвариш ва селексияи зоти гӯсфанди ҳисорӣ, таҳлил ва инъикоси мавод оид ба ҳолати имрӯзаи зоти гӯсфандони ҳисорӣ дар Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷи дуру наздик, дастоварду натиҷаҳои илмию амалӣ ва таҷрибаҳои пешқадам дар самти беҳтар намудани минтақаи парвариши ин зоти гӯсфанд ва рушди устувори соҳа мебошад.
Таъкид гардид, ки гӯсфанди ҳисорӣ калонтарин зот дар ҷаҳон буда, барои гӯшту равған парвариш карда мешавад. Ба ақидаи олимон, гӯсфандони зоти ҳисорӣ таърихи пайдоиши қадимӣ дошта, ҳанӯз дар асрҳои 5-6 бо усули селексияи анъанавии халқӣ ба вуҷуд оварда шудаанд. Ин зот аз рӯи маҳсулнокӣ дорои нишондиҳандаҳои баланди вазни зинда ва гӯшту равған мебошад.
Дар натиҷаи ба пояи илмӣ гузошта шудани корҳои селексионӣ дар мамлакат дастовардҳо дар соҳа дучанд шуда, саҳми олимону селексионерони тоҷик низ дар такмили ин зот калон аст. Имрӯз маъруфият пайдо кардани зотҳои фархориву шаҳринавӣ, гӯсфанди маҳинпашми дарвозӣ ва дигар зотҳои гӯсфанди серравғану серпашм натиҷаи заҳмати сермаҳсули олимони соҳа мебошад.
Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион сар ва дар шаҳри Ҳисор зиёда аз 144 ҳазор сар зоти гӯсфанди ҳисорӣ парвариш карда мешавад. Дар солҳои гуногун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯсфандони зоти ҳисорӣ ба ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, инчунин ба Федератсияи Русия ва Беларус интиқол дода шуда, дар ин кишварҳо ба таври густурда парвариш меёбанд.
Дар фестивал-намоишгоҳ ҳамзамон олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи корҳои илмӣ, техникаю таҷҳизот ва доруворию вояҳоро бар зидди бемориҳои ҳайвонот ба намоиш гузоштанд.
Дар анҷоми фестивал ба иштирокдорони фаъол-ғолибони фестивал-намоиш «Сипоснома», маблағҳои пулӣ, ҳамзамон ҳамчун рамзи эҳтиром ба меҳмонон- намояндагони чорводорон аз Русия, Қазоқистон, Туркманистон ва Узбекистон «Сипоснома» супорида шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор