22 август дар шаҳри Душанбе намоиши санъати ороишии амалии ҳунармандони Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад.
Дар намоиш ҳунармандони Ҷумҳурии Қазоқистон санъати ороишии амалӣ, аз қабили заргарӣ, тангаҳои қиматбаҳо, либосҳои миллӣ, миёнбандҳо ва дигар ҳунарҳои қадимиро пешниҳод менамоянд.
Намоиш дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, ки 22 август бо даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад, гузаронида мешавад.
Бояд гуфт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаҳои фарҳангӣ бо давлатҳои хориҷӣ пайваста густариш ёфта, дар пешрафту муаррифии фарҳангу ҳунари Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи устувор мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки 25 августи соли 2023 дар толори Театри давлатии опера ва балети «Остона Опера»- и Ҷумҳурии Қазоқистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид. Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон аз 24 то 29 августи соли 2023 дар шаҳрҳои Остона, Алмато ва Чимкент барномаҳои консертӣ, намоишгоҳи ҳунармандон, намоиши аксу мусаввараҳо, либосҳои миллии тоҷикӣ ва филмҳои бадеию таърихӣ баргузор шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22-23 август доир мешаванд, пешниҳоди барномаи консертӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаи консертии ҳунарпешагони қазоқ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Қазоқистон ва барномаҳои консертӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар дар назар аст.