Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    «ИНЪИКОСИ ОБУ ПИРЯХ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОН». Дар Данғара намоиши сайёри осорхонавӣ ифтитоҳ шуд

    «ИНЪИКОСИ ОБУ ПИРЯХ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОН». Дар Данғара намоиши сайёри осорхонавӣ ифтитоҳ шуд

    2024-08-20
    129

    Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара» бо ибтикори Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва бо мақсади муаррифии ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла «Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 таҳти унвони «Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» намоиши сайёри осорхонавӣ оғоз гардид.

    Дар намоиш директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳизода ва муовини Раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода доир ба аҳамияти ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим сухан намуданд.

    Дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ беҳтарин намунаҳои осори санъати тасвирӣ, ки аз ҷониби рассомони машҳури Тоҷикистон офарида шудаанд ва дар онҳо обҳои мусаффо, кӯҳҳои осмонбӯс, дарёву чашмасоррн, пиряхҳо ва дигар зебоиҳои диёр тасвир гардидаанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.


    Ёдовар мешавем, ки намоиши «Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» дар Муассисаи давлатии «Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара» то 27 август идома меёбад.

    Дар ин муддат кормандони гуногункасб ва сокинону меҳмонони ноҳияи Данғара имкон доранд бо офаридаҳои рассомони Тоҷикистон аз наздик шинос гарданд.

    АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ