Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    «ГАНҶИНАИ МЕРОС». Таҳти чунин унвон дар Душанбе Фестивали намоиши либосҳои миллӣ доир мегардад

    «ГАНҶИНАИ МЕРОС». Таҳти чунин унвон дар Душанбе Фестивали намоиши либосҳои миллӣ доир мегардад

    2024-08-21
    125

    29 август дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бо ҷалби беҳтарин тарроҳони ҷумҳурӣ таҳти унвони «Ганҷинаи мерос» Фестивали намоиши либосҳои миллӣ  баргузор мегардад.

     Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд, фестивал бо мақсади рушди анъанаҳои хоси фарҳанги либоспӯшӣ ва баланд бардоштани арзиши милливу эстетикии он, ҳавасмандгардонии ҳунармандону тарроҳон ва эҳёи суннатҳои асили ҳунарҳои бадеии халқӣ доир мешавад.

    Либоси миллӣ ҷузъи муҳими фарҳанг буда, сатҳи маданияту маърифати миллат дар он таҷассум мегардад. Аз ин рӯ, занону духтарони тоҷикро мебояд, ки ба анъанаҳои миллии либоспӯшӣ арҷ гузошта, аз тақлид ба фарҳанги бегона даст кашанд.

    Тавре 9 марти имсол Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли ҷомеа, олимон ва ходимони дин иброз намуданд, «бегонапарастӣ дар сару либос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб дигар масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад. Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангӣ аст, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳанги миллатро халалдор месозад».

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ