Тоҷикистон ва Қазоқистон тасмим гирифтаанд, ки ояндаи наздик табодули молро то ба 2 миллиард доллар расонанд. Дар ин хусус дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе, дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон доираҳои соҳибкорию сармоягузории ҳарду давлат иштирок намуда, роҳҳои тақвияти ҳамкориро дар бахшҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак баррасӣ намуданд.
Дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода доир ба сатҳи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон ва дурнамои он сухан намуда, гуфт, ки солҳои охир ҳамкории гуногунсоҳаи ду давлат дар партави сиёсати Сарони давлатҳои Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қазоқистон муҳтарам Қосим Жомарт Токаев беш аз пеш густариш меёбад.
Қазоқистон барои Тоҷикистон яке аз давлатҳои шарики стратегӣ дар минтақа маҳсуб шуда, дар сохтори тиҷорати хориҷии давлати мо соли 2023 бо ҳиссаи 13,8 дарсад дар зинаи чорум қарор гирифт. Таъкид гардид, ки таҳкими ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон, ҷалби сармояи Қазоқистон ба иқтисоди Тоҷикистон, ба роҳ мондан ва тавсеаи ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкории ҳарду давлат аз ҳадафҳои асосии Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон мебошад.
Инчунин дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Роман Скляр сухан намуда, дар шаҳри Душанбе баргузор гардидани ин форумро саҳифаи нав дар таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ҳарду давлат арзёбӣ намуд.
Таъкид гардид, ки соли 2023 мубодилаи мол байни Тоҷикистон ва Қазоқистон марзи беш аз 1 миллиард долларро убур намуд. Ҳарду давлат тасмим гирифтаанд, ки ояндаи наздик ин нишондиҳандаро то ба 2 миллиард доллар расонанд. Барои ноил гардидан ба ин ҳадаф байни ҳарду давлат имконияти фаровон мавҷуд аст, ки истифодаи он ба манфиати давлатҳо мебошад.
Муовини якуми Сарвазири Қазоқистон афзуд, ки ҳарду давлат хостори тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ, аз ҷумла нақлиёт, энергетика, саноат, кишоварзӣ ва ғайра мебошанд. Соли 2023 байни Тоҷикистон ва Қазоқистон 39 санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки дар тақвияти ҳамкории гуногунсоҳаи ҳарду давлат нақши муассир мегузоранд. Дар маҷмуъ муносибатҳои ҳарду давлатро беш аз 150 санади ҳамкорӣ ба танзим медарорад. Инчунин чанде пеш дар Душанбе ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии иқтисодиию тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон доир гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими марбут ба рушди ҳамкории иқтисодии давлатҳо баррасӣ гардид.
Соли 2023 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон 1 миллиарду 148,7 миллион долларро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2022 292,5 миллион доллар ё 20,3 фоиз коҳиш ёфтааст. Дар сохтори савдои хориҷии Тоҷикистон соли 2023 Қазоқистон бо ҳиссаи 13,8 фоиз ҷои чорумро ишғол менамояд.
Содироти мол ба Қазоқистон соли 2023 255,8 миллион доллар ва воридот 892,9 миллион долларро ташкил намуд. Сохтори содиротро асосан 76,3 фоиз маъданҳо ва консентратҳо, 6,1 фоиз меваю донагиҳо, 4,6 фоиз сурб ва маҳсулот аз он, 3,3 фоиз нӯшокиҳои спиртӣ ва ғайриспиртӣ ва сохтори воридотро аз Ҷумҳурии Қазоқистон 36,4 фоиз гандум ва ғалладонагиҳо, 18,6 фоиз нафт ва маҳсулоти нафтӣ, 10,7 фоиз маҳсулоти химияи ғайриорганикӣ, 9,8 фоиз металлҳои сиёҳ, 7,5 фоиз равғанҳо, равғани растанӣ ва дигар молҳо ташкил медиҳанд.
Ҳоло дар Тоҷикистон қариб 80 корхонаи муштарак фаъолият дошта, дар Қазоқистон ҳам чунин корхонаҳо бо иштироки сармоягузорони тоҷик мавҷуд ҳастанд. Минбаъд низ таҳкими ҳамкории тиҷоратӣ барои эҷоди фазои мусоиди сармоягузорӣ барои рушди соҳаҳои иқтисодӣ, саноат, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ мусоидати фаъол менамояд. Аз ҷумла, амалӣ намудани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва содироти он ба дигар кишварҳо ба манфиати иқтисоди Тоҷикистон ва Қазоқистон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон минбаъд низ илова ба самтҳои қаблан ҳамоҳангшудаи афзалиятнок ҳамзамон барои рақамикунонии иқтисодиёт, инноватсия ва воридоти технологияи муосир, таъсиси корхонаҳо оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, содироти маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза ба Қазоқистон, ташкили марказҳои муштараки тақсими яклухти молу маҳсулот дар Тоҷикистон ва истифодаи мақсадноку пурсамари минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ду панел: «Сармоягузории мутақобила-роҳҳои нави ҳамкорӣ» ва «Инноватсия ва технологияҳои муосир-манбаи имконияти сармоягузорӣ» гузаронида шуда, доираҳои тиҷоратию соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистон масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории ду давлатро дар бахшҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ намуданд.
Дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон фазо ва имконияти сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, сохтмон, сайёҳӣ, хизматрасонӣ, нақлиёт, логистика ва фармасевтӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ шуда, ҳамзамон лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон доираҳои соҳибкорию сармоягузории ҳарду давлат роҳҳои тақвияти ҳамкориро дар бахшҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, инчунин таъсиси корхонаҳои муштарак баррасӣ намуданд.
Инчунин дар доираи форум вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон дар қолаби «Соҳибкор бо соҳибкор» (B2B) ва бахши давлатию хусусии ҳарду давлат баргузор гардид. Аз натиҷаи вохӯрии доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистон санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни афзалиятнок ба имзо расонида шуданд.