Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаев дар барномаи консертии бошукуҳи ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон

    Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаев дар барномаи консертии бошукуҳи ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон

    2024-08-22
    194

    22 август дар толори Кохи Борбади пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев консерти дилнишини ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

    Боиси хушнудист, ки имрӯз муносибатҳои дӯстии бисёрҷанбаи ду давлат дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ҳамдигар ва эътимод ба нафъи кишварҳо ва халқҳои Тоҷикистону Қазоқистон пайваста инкишоф меёбанд.

    Барномаи бошукуҳу рангини устодони санъат ва ҳунармандони Қазоқистон пешкаши меҳмонон карда шуд, ки бисёр хотирнишин ва таҷассумгари дӯстии мардумони ду кишвар буд.

    Барномаи консертии устодони санъати Қазоқистон бо хушнудӣ ва кафкӯбиҳои пурмавҷ пазируфта шуд.

    Зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон ва дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд барномаҳои консертӣ, намоишгоҳи ҳунармандон, намоиши аксу мусаввараҳо ва рӯзҳои синамои Қазоқистон баргузор мешаванд.

    Ҳамчунин 21 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Абулқосим Фирдавсӣ бо иштироки вазирони фарҳанги ду кишвар нимпайкараи шоир ва мутафаккири қазоқ Абай Кунанбаев кушода шуд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ