Қабул гардидани қатъномаи нави Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034», ки ташаббуси 6-уми ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад, заминае барои пешбурди ҳамкории илмии сатҳи ҷаҳонӣ, бахусус тавассути баргузории таҳқиқоту мониторинги илмии алоқаманд ва инчунин талошҳои рушди устувор дар доираи сохтору захираҳои мавҷуда ва саҳмҳои ихтиёрӣ барои ҳалли масоили марбут ба коҳишёбӣ (деградатсия) – и пиряхҳо ва тағйирот дар криосфера мегардад.
— Мояи ифтихори бузургу саодати азим аст, ки 13 августи соли 2024, зимни баргузории Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) қатъномаи наве таҳти унвони «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» бо иттифоқи оро қабул гардид. Ин даҳсола ташаббуси 6-уми ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Фаронса пешбарӣ гардидааст. Қабули чунин ташаббуси муҳим дар шароити ҳозираи тағйирёбии иқлим, ки таъсири аз ҳама бештари он ба пиряхҳо мерасад, муҳим ва саривақтӣ буда, ҷомеаи ҷаҳонро ба пажуҳиши амиқи илмии пиряхҳо даъват менамояд.
Пешгӯии олимон: то соли 2100 нисфи пиряхҳо аз байн меравад
Олимону коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки дар натиҷаи 1,5°С афзудани ҳарорати ҳавои наздизаминӣ, яъне гармшавии глобалии иқлим ҳадди ақалл нисфи пиряхҳои имрӯза то соли 2100 аз байн мераванд. Аз соли 1990 инҷониб дар лавҳаи азими яхбандии Гренландия 4,890 миллиард тонна (Гт) ва давоми солҳои 1992-2020 дар майдони бузурги яхистони Антарктика 2,670 Гт об шудани ях далели бармалои коҳишёбии пиряхҳо дар навоҳии қутбии сайёраи Замин аст. Бо чунин миқдори бағоят бузург обшавии пиряхҳо дар манотиқи Арктика ва Антарктика пайомадҳои ногувор дорад ва зиёда аз ин давоми 30 сол 4 маротиба афзудааст.
Гузориши махсуси Гурӯҳи коршиносони байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим (ГКБТИ) оид ба уқёнус ва криосфера дар раванди тағйирёбии иқлим, гузоришҳои ГКБТИ дар солҳои 2021 (Асосҳои илмии физикӣ) ва 2022 (Таъсирот, мутобиқшавӣ ва осебпазирӣ), ҷомеаи ҷаҳониро водор менамояд, ки дар бораи босуръат обшавии пиряхҳо, камшавии яхбандиҳои доимӣ ва инчунин пайомадҳои хатари ногувори он тадбирҳои мушаххасу саривақтӣ андешад. Чунки ин раванд бо тавъам омадани гармшавии глобалии иқлим ва афзоиши партови газҳои гулхонаӣ вусъат ёфта, оқибатҳои хеле бад дорад. Аз ин рӯ, инсон наметавонад бе кӯшишҳои босуръат оид ба коҳиш додани таъсири гармшавии иқлим ва кам кардани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера раванди обшавии пиряхҳо ва камшавии майдони яхбандиҳои доимиро дар асри кунунӣ боз дорад.
Ҳарчанд оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар криосфера дар сатҳҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ пайомадҳои манфии экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ доранд, сабаби асосии он, пеш аз ҳама, фаъолият ва таъсири бевоситаи инсон дар берун аз ин минтақаҳо мебошад. Тағйирот метавонад барои хатари офатҳои табиӣ, экосистемаҳо ва одамон оқибатҳои бебозгашт дошта бошад ва ҳамзамон ба амнияти обию озуқавории беш аз 2 миллиард нафар аҳолии кураи Замин таъсири бевосита расонад. Зиёда аз ин, коҳишёбии ҷузъҳои ҷудогонаи криосфера, бахусус пиряхҳову яхбандиҳо дар Гренландия ва Антарктида барои 50% баланд шудани сатҳи баҳрҳо ҳиссаи калон дошта, ба доман густурдани гармшавӣ дар уқёнусҳо низ таъсири мустақим дорад.
Дар шароити имрӯза гузаронидани таҳқиқоти комилан нави илмӣ оид ба қутбҳо ва пиряхҳо барои беҳтар фаҳмидани аҳамият ва оқибатҳои онҳо дар раванди гармшавии глобалии иқлим барои инсоният бағоят муҳим аст. Маҳз бо назардошти ин нукта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» иброз намуданд, ки «бо мақсади тақвияти минбаъдаи ин масъалаи муҳим мо якҷо бо шарикон тасмим гирифтем, ки лоиҳаи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳидро оид ба эълони Даҳсолаи илмҳои қутбшиносӣ ва яхшиносӣ пешбарӣ намоем». Аз ин рӯ, ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки кӯшишҳо ва ҳамкории муштаракро барои омӯзишу пажуҳиши навоҳии қутбӣ ва пиряхҳои онҳо бештару мунтазам гардонад, то бо ин буҳрони дарпешистода дуруст мубориза барад. Барои ин зарурати дарёфт намудани имконоти нав оид ба мустаҳкам гардонидани ҷамъияти илмӣ ва вусъат бахшидани таҳқиқоти илмӣ аҳамияти бағоят бузург дорад.
Буҳрони глятсиологӣ-криосферӣ дар меҳвари ташаббуси шашуми ҷаҳонии Пешвои миллат
Барои ҳалли мушкилоти марбут ба криосфера, Солҳои байналмилалии қутбӣ (Соли якуми байналмилалии қутбӣ, 1882-1883; Соли дуюми байналмилалии қутбӣ, 1932-1933; Соли сеюми байналмилалии қутбӣ, 1957-1958 ва Соли чоруми байналмилалии қутбӣ, 2007-2008) таъсис ёфта, барои пешбурди кӯшишҳои муштараки байналмилалӣ дар минтақаҳои қутбӣ якчанд корҳои илмӣ ва амалӣ ба анҷом расонида шуданд. Ҳамчунин пас аз анҷоми Соли чоруми байналмилалии қутбӣ ва гузаронидани таҳқиқот оид ба иқлим, атмосфера, уқёнус ва масоили марбут ба биосфераю экологияи ноҳияҳои қутбӣ пешниҳод гардид, ки соли 2012 ва сипас соли 2015 Даҳсолаи байналмилалии қутбӣ баргузор карда шавад. Вале Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (СҶО) ҳамчун ташаббускори таҳқиқот дар Арктикаю Антарктика ва сарпарасти солҳои байналмилалии қутбӣ дар ҳарду маврид ҳам ин пешниҳодро рад намуд. «Сол»-и сеюм- Соли байналмилалии геофизикӣ ном гирифта, ҳам аз ҷиҳати шумораи иштирокчиён ва ҳам аз ҷиҳати фарогирии мавзуъҳо миқёси васеъ дошта, яке аз дастовардҳои муҳимми он ошкор намудани сӯрохиҳои озонӣ дар фазои Антарктида мебошад.
Хушбахтона, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун Сарвари хирадманду дурандеш ва ташаббускори ғояҳои ҷаҳонии обу иқлим ва дар маҷмуъ, масоили муҳимми глобалии экологӣ ҷаҳду талош намуданд, то аҳамияти умумисайёравию умумиинсонӣ доштани улуми қутбшиносӣ ва яхшиносиро нишон диҳанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кишварҳову созмонҳои байналмилалӣ барои тақвияти мавзуи об дар Рӯзномаи ҷаҳонии иқлим нақши назаррас дорад ва ин нуктаро каломи Президенти мамлакат бармало муайян менамояд: «…пуштибонии ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути 10 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҷассумгари нақши фаъол ва калидии мамлакати мо дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим дар сатҳи байналмилалӣ мебошад».
Дар меҳвари ташаббуси «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034», қабл аз ҳама ноил шудан ба ҳадафҳое, чун баланд бардоштани сатҳи амният дар фазои қутбӣ, ба танзим даровардани боркашонӣ тавассути Арктика, рушди туризм дар навоҳии қутбӣ, дастгирии омӯзишу пажуҳиш оид ба пиряхҳо ва қутбҳо, пурзӯр намудани ҳифзи ҳудудҳои муҳофизатшавандаи баҳр, таҳияи барномаҳои таҳқиқотӣ бо иштироки ҷомеаҳои маҳаллӣ ва ғайра қарор дорад. Зеро дар асоси натиҷаҳои гузориши Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) ва Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат таҳти унвони «Пиряхҳо дар ҷойҳои мероси ҷаҳонӣ» дар мавриди обшавии босуръати пиряхҳо омадааст, ки то соли 2050 пиряхҳои объектҳои мероси ҷаҳонӣ, ки дар сеяки онҳо пиряхҳо мавҷуданд, аз байн мераванд.
Суръати обшавии яхҳо ба ҳисоби миёна 20% зиёдтар будааст
Дар эъломияи Нишасти қутбии «Як cайёра» (Париж, 8 ноябри соли 2023) иброз гардид, ки дар Африқо, Амрико, Осиё, Аврупо, Уқёнусия ва Антарктида таназзули бебозгашти ~200 000 пирях мушоҳида гардида, танҳо давоми солҳои 2021-2022 суръати обшавии яхҳо нисбат ба даҳсолаи қаблӣ ба ҳисоби миёна 20% зиёдтар будааст. Дар доираи Соли сеюми байналмилалии қутбӣ ва ё Соли байнамилалии геофизикӣ ҳолати пиряхҳои Арктика ва тамоюли динамикии онҳо давоми солҳои охир мавриди таҳлилу муқоиса карор гирифт.
Таҳлили маълумоти тавозуни массаи пиряхҳо дар навоҳии арктикии Канадаю Русия, ҷазираҳои Шпитсбергену Гренландия ва нимҷазираи Скандинавия нишон медиҳад, ки обшавии ях дар айни замон на танҳо аз тавозуни массаи сатҳии пиряхҳо (ташкилдиҳандаи иқлимӣ), балки аз афзоиши маҷрои оби ях ба баҳр (ташкилдиҳандаи динамикӣ) низ вобаста мебошад. Тибқи мушоҳидаи олимон, давоми солҳои 1961-2005 ҳаҷми ях дар пиряхҳои Арктика 66,1 км3 коҳиш ёфтааст, ки ин ба 0,18 мм/сол баландшавии сатҳи оби баҳр баробар аст. Ҳамзамон аз рӯйи ҳисобҳои олимон, нобудшавии холиси ях дар Арктика 70% бо камшавии массаи сатҳӣ (таъсири иқлимӣ) ва 30% бо маҷрои оби яхи баҳр (хисороти динамикӣ) алоқаманд мебошад.
Тағйирёбии майдонҳои яхбандӣ дар ҷазираҳои арктикии Русия
Давра | 1952-1973 | 1973-1988 | 1988-2001 |
Тағйирёбии майдони пиряхҳо, км2 | -133 | -67 | -84,2 |
Тағйирёбии ҳаҷми пиряхҳо, км3 | -70,4 | -35,4 | -44,5 |
Суръати тағйирёбии майдон, км2/сол | -6,3 | -4,5 | -6,5 |
Суръати тағйирёбии ҳаҷм, км3/сол | -3,4 | -2,4 | -3,4 |
Аз таҳлили робитаи эмпирикии байни ҳаҷм ва масоҳати пиряхҳои Арктика муайян карда шуд, ки аз соли 1952 то соли 2001 пиряхҳои се ҷазираи арктикии Русия, чун Замини Франс-Иосиф, Замини Шимолӣ ва Замини Нав тақрибан 250 км3 ё 1,6% массаи асосии худро гум кардаанд. Бо назардошти ин далелҳо ва буҳронҳои климатологию глятсиологӣ дар навоҳии қутбии кураи Замин зимни қабули қатъномаи «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» аз ҳама давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, ташкилоти дахлдори низоми он ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва зерминтақавӣ, мардуми бумӣ, инчунин дигар ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла аҳли илм, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва шахсони алоҳида даъват шудааст, ки дар ҳама сатҳҳо тавассути пешбурди фаъолияте, ки ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи даҳсола ва аҳамияти пиряхҳо, барф ва ях дар низоми иқлим ва давраи гидрологӣ, инчунин таъсири иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии он ва тағйирот дар криосфера мусоидат менамоянд, табодули таҷриба намоянд.
Ҳамзамон дар он бо такя ба қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид A/RES/77/158 – «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 2025», ки қаблан бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида буд, аз ҳукуматҳо, ташкилоти байниҳукуматию ғайриҳукуматӣ, дигар ҷонибҳои манфиатдор ва шарикони рушд даъват шудааст, ки ба Фонди байналмилалии мақсаднок оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз ҷониби Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои дахлдори он, аз ҷумла ЮНЕСКО ва СҶО мудирият мешавад ва барои дастгирии кишварҳо дар ҳалли масоили марбут ба обшавии босуръати пиряхҳо ва оқибатҳои он мусоидат менамояд, саҳм гузоранд.
«Даҳсола» барои ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат мекунад
Дар қатъномаи «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034», аҳаммияти ташаббусҳои марбут ба криосфера барои ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дарҷ ёфта, аз ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Конфронси байналмилалӣ бахшида ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе дар соли 2025 истиқбол карда шудааст. Ташаббуси қабули қатъномаи «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» (Душанбе, 11 июни соли 2024) пешниҳод гардида, Пешвои миллат аз давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид даъват ба амал оварданд, то аз иқдоми дорои аҳамияти ҷаҳонӣ пуштибонӣ намоянд.
Ҳамин аст, ки дар баробари Тоҷикистон ба ин ташаббус кишварҳое, чун Австралия, Белгия, Булғория, Чили, Кипр, Хорватия, Фаронса, Олмон, Италия, Ҷопон, Марокаш, Мозамбик, Нидерланд, Покистон, Перу, Сингапур, Кореяи Ҷанубӣ, Испания, Швейтсария, Британия, Уругвай ва ғайра ҳамроҳ гардиданд. Ҳамчунин пешбарии ин ташаббус яке аз натиҷаҳои Нишасти қутбии «Як cайёра» (Париж, 8 ноябри соли 2023) низ ба ҳисоб меравад. Зимни баргузории Нишасти қутбии «Як cайёра» даъват карда шуд, ки ҳамкории байналмилалӣ барои коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ, тақвият бахшидани таҳқиқоти илмӣ дар криосфера ва вусъат додани ҳамгироии беҳтари оқибатҳои коҳишёбии криосфера дар таҳияи сиёсатҳо бештару беҳтар гардонида шавад. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки давоми 40 соли охир ҳарорат дар Арктика ба қимати миёнаи ҷаҳонӣ 4 маротиба бештар афзуда, давоми 45 соли охир яхҳои баҳрии ин минтақа бо суръати баланд коҳиш меёбанд ва моҳи сентябри соли 2023 ба ҳадди панҷумин пасттарини яхбандӣ расидаанд. Дар Уқёнуси ҷанубӣ моҳи феврали соли 2023 хурдтарин қимати яхбандӣ сабт шуд, ки то ин давра ягон маротиба мушоҳида нагардида буд.
Маҳз бо назардошти буҳрони амиқи глятсиологӣ ва криосферӣ зимни қабули эъломияи Нишасти қутбии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «Даҳсолаи илмҳои қутбшиносӣ ва яхшиносӣ» комилан ҷонибдорӣ ва дастгирӣ ёфт. «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» аз соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо оғоз гардида, дар доираи он Соли панҷуми байналмилалии қутбӣ (солҳои 2032-2033) гузаронида мешавад, ки он бо ЮНЕСКО, Кумитаи байналмилалии илмии Арктика, Кумитаи илмӣ оид ба таҳқиқоти Антарктика, Шурои байналмилалии илм ва дигар созмонҳои байналмилалии қутбшиносӣ ва илмӣ ҳамоҳанг карда шудааст. Зиёда аз ин ин даҳсола барои Даҳсолаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнусшиносӣ барои рушди устувор (солҳои 2021-2030), ки ҳоло идома дорад, захираҳои нави бисёрҷонибаи илмию таҳқиқотӣ фароҳам меорад.
Ҳамин тавр, бо қабули ташаббуси шашуми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яъне «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» нақши боризи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо дар арсаи ҷаҳонӣ бори дигар собит гардида, давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар доираи ин даҳсола изҳори омодагӣ менамоянд.
АКС аз бойгонии муаллиф